Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Як дастаи гул ку, агар он боғ бидидед?
Як гавҳари ҷон ку, агар аз баҳри Худоед?
Бо ин ҳама он ранҷи шумо ганҷи шумо бод,
Афсӯс, ки бар ганҷи шумо парда шумоед.
Он сурхқабое, ки чу маҳ пор баромад,
Имсол дар ин хирқаи зангор баромад.
Он турк, ки он сол ба яғмо-ш бидидӣ,
Он аст, ки имсол арабвор баромад.
Он ёр ҳамон аст, агар ҷома дигар шуд,
Он ҷома бадал карду дигар бор баромад.
Он бода ҳамон аст, агар шиша бадал шуд,
Бингар, ки чӣ хуш бар сари хаммор баромад.
Шаб рафт, ҳарифони сабӯҳӣ, ба куҷоед?
К-ин машъала аз равзани асрор баромад.
Румӣ пинҳон гашт, чу даврони ҳабаш дид,
Имрӯз дар ин лашкари ҷаррор баромад.
Шамсулҳақи Табрез расидаст, бигӯед,
К-аз чархи сафо он маҳи анвор баромад.
Чун бар рухи мо акси ҷамоли ту барояд,
Бар чеҳраи мо хок чу гулгуна намояд.
Хоҳам, ки зи зуннор дусад хирқа намоям,
Тарсобача гӯяд, ки напӯшон, ки нашояд.
Ашкам чу дуҳул гаштаву дил ҳомили асрор,
Чун нуҳмаҳа гаштаст, надонӣ, ки бизояд.
Шоҳест дил андар тани монандаи гове,
В-ин гов бибинад шаҳ, агар жож нахояд.
В-он дона, ки уфтод дар ин ҳовани ушшоқ,
Ҳар сӯй ҷаҳад, лек баночор бисояд.
Аз хонаи ишқ он, ки бипаррад чу кабӯтар,
Ҳар ҷо, ки равад, оқибати кор биёяд.
Ойина, ки Шамсулҳақи Табрез бисозад,
Зангор куҷо гираду сайқал ба чӣ бояд?
Туӣ нақше, ки ҷонҳо барнатобад,
Ки қанди ту даҳонҳо барнатобад.
Ҷаҳон гарчи, ки сад рӯ дар ту дорад,
Ҷамолатро ҷаҳонҳо барнатобад.
Равон гаштанд ҷонҳо сӯи ишқат,
Ки бо ишқат равонҳо барнатобад.
Даруни дил ниҳон нақшест аз ту,
Ки лутфашро ниҳонҳо барнатобад.
Чу хилватгоҳи ҷон оӣ, хамуш кун,
Ки он хилват забонҳо барнатобад.
Баду нек ар бибинӣ, нек набвад,
Аз он бигзар, к-аз онҳо барнатобад,
Бигӯ ту номи Шамсуддини Табрез,
Ки номашро нишонҳо барнатобад.
Чу шаб шуд, ҷумлагон дар хоб рафтанд,
Ҳама чун моҳиён дар об рафтанд.
Ду чашми ошиқон бедор то рӯз,
Ҳама шаб сӯи он меҳроб рафтанд.
Чу эшонро ҳариф аз андарун аст,
Чӣ ғам доранд, агар асҳоб рафтанд?
Ҳама дар ғуссаву дар тобу ушшоқ
Ба сӯи турраи пуртоб рафтанд.
Ҳама андар ғами исботу эшон
Қаландарвор бе исбот рафтанд.
Ки ёбад гарди эшонро, ки эшон
Чу барқу бод сахтиштоб рафтанд?
Ту чун далвӣ, бар ин дӯлоб мегард,
Ки эшон бар ту аз дӯлоб рафтанд.
Бибин онҳо, ки банди сим буданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор