Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Ай шаб ба саҳар бурда, дар ё рабу ё раб ту,
Он ё рабу ё рабро раҳмат бишунид, омад.
Ай дарди куҳангашта, бах-бах, ки шифо омад,
В-ай қуфли фурӯбаста, бигшо, ки калид омад.
Ай рӯзагирифта, ту аз моидаи боло
Рӯза бигушо хуш-хуш, к-он ғурраи ид омад.
Хомуш куну хомуш кун, зеро ки зи амри кун
Он сактаи ҳайронӣ бар гуфт мазид омад.
Бимиред, бимиред, дар ин ишқ бимиред,
Дар ин ишқ чу мурдед, ҳама рӯҳ пазиред.
Бимиред, бимиред в-аз ин марг матарсед,
К-аз ин хок бароед, самовот бигиред.
Бимиред, бимиред в-аз ин нафс бибурред,
Ки ин нафс чу банд асту шумо ҳамчу асиред.
Яке теша бигиред паи ҳуфраи зиндон,
Чу зиндон бишикастед, ҳама шоҳу амиред.
Бимиред, бимиред ба пеши шаҳи зебо,
Бари шоҳ чу мурдед, ҳама шоҳу шаҳиред.
Бимиред, бимиред в-аз ин абр бароед,
Чу з-ин абр бароед, ҳама бадри муниред.
Хамӯшед, хамӯшед, хамӯшӣ дами марг аст,
Ҳам аз зиндагияст инки зи Хомӯш нафиред.
Дар ҳалқаи ушшоқ баногаҳ хабар афтод,
К-аз бахт яке моҳрухе хуб дарафтод.
Чашму дили ушшоқ чунон пур шуд аз он ҳусн,
То қиссаи хубон, ки баноманд, барафтод.
Бас чашмаи ҳайвон, ки аз он ҳусн биҷӯшид,
Бас бода, к-аз он нодира дар чашму сар афтод.
Маҳ бо сипару теғ шабе ҳамлаи ӯ дид,
Бифканд сипарро сабуку бар сипар афтод.
Мо бандаи он шаб, ки ба лашкаргаҳи васлаш,
Дар ғорати шукри ҳама моро ҳашар афтод.
Хунибаки ҳиҷрон ба ҳазимат алам андохт,
Бар лашкари ҳиҷрон дили моро зафар афтод.
Гуфтанд: Зи Шамсулҳақи Табрез чӣ дидед?
Гуфтем, к-аз он нур ба мо ин назар афтод.
Дар кӯи харобот маро ишқ кашон кард,
Он дилбари айёр маро дид, нишон кард.
Ман дар паи он дилбари айёр бирафтам,
Ӯ рӯи худ он лаҳза зи ман боз ниҳон кард.
Ман дар аҷаб афтодам аз он қутби ягона,
К-аз як назараш ҷумла вуҷудам ҳама ҷон кард.
Ногоҳ як оҳу ба дусад ранг аён шуд,
К-аз тобиши ҳуснаш маҳу хуршед фиғон кард.
Он оҳуи хушноф ба Табрез равон гашт,
Бағдоди ҷаҳонро ба басират Ҳамадон кард.
Он кас, ки варо кард ба тақлид суҷуде,
Фархундаву бигзидаву маҳбуби ҷаҳон кард.
Онҳо, ки бигуфтанд, ки мо комилу фардем,
Саргаштаву савдоию расвои ҷаҳон кард.
Султони арафнок будаш маҳрами асрор,
То сирри таҷаллии азал ҷумла баён кард.
Шамсулҳақи Табрез чу бигшод пари ишқ,
Ҷабрили аминро зи пайи хеш давон кард.
Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.
Маъшуқи ту ҳамсояи деворбадевор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?
Гар сурати бесурати маъшуқ бибинед,
Ҳам хоҷаву ҳам хонаву ҳам Каъба шумоед.
Даҳ бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,
Як бор аз ин хона бар ин бом бароед.
Он хона латиф аст, нишонҳо-ш бигуфтед,
Аз хонаи он хоҷа нишоне бинамоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор