Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Ай зи пагаҳ хоста сармаст, маст,
Масти шаробию шароби аласт.
Ишқ расонид туро ҳамчу ҷом
Аз бари мо то бари худ даст-даст.
Бозуи ту қавси Худо ёфт, ёфт,
Тири ту аз чарх бурун ҷаст, ҷаст.
Ҳар гуҳаре, к-он зи хазинай Худост,
Дар ду лаби лаъли ту он ҳаст, ҳаст.
Фош шуд ин ишқи ту бе қасди мо,
Банд бидаррид, зи дил ҷаст, ҷаст.
Фош шуд он роз, ки дар нимашаб
Зери забон гуфта будам паст-паст.
Кирм хурад чӯбу бирӯяд зи чӯб,
Ишқ зи ман расту маро хаст, хаст.

Ай дил, фурӯ рав дар ғамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ,
То рӯ намояд марҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Чандон фурӯ хур андуҳон, то пешат ояд ногаҳон,
Курсию Арши аъзамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Хандон шав аз нури ҷаҳон, то ту шавӣ сури ҷаҳон,
Эмин шавӣ аз мотамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Боре, дилам аз марду зан барканд меҳри хештан,
То ишқ шуд холу амаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Гар сина оина кунӣ, бекибру бекина кунӣ,
Дар вай бибинӣ ҳар дамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Чун осмон гар хам диҳӣ, дар амри фармон вораҳӣ,
З-ин осмону аз ҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Ҳам биҷҳӣ аз мову манӣ, ҳам девро гардан занӣ,
Дар даст печӣ парчамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Иқбол хеш ояд туро, давлат ба пеш ояд туро,
Фаррух шавӣ аз мақдамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Девест дар асрори ту, к-аз вай нагун шуд кори ту,
Барбанд ин дам муҳкамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Дорад Худо хуш оламе, мангар дар ин олам даме,
Ҷуз ҳақ набошад марҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Хомуш баёни сир макун, хомуш, ки сирри мин ладун,
Чун мезанад андар ҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Бегоҳ шуд, бегоҳ шуд, хуршед андар чоҳ шуд,
Хезед, ай хуштолиъон, вақти тулӯъи моҳ шуд.
Соқӣ, ба сӯйи ҷом рав, ай посбон, бар бом рав,
Ай ҷони беором, рав, к-он ёр хилватхоҳ шуд.
Ашке, ки чашм афрӯхтӣ, сабре, ки хирман сӯхтӣ,
Ақле, ки роҳ омӯхтӣ, дар нимшаб гумроҳ шуд.
Ҷонҳои ботинравшанон шабро ба дил равшанкунон,
Ҳиндуи шаб наъразанон, к-он турк дар хиргоҳ шуд.
Бошад, зи бозиҳои хуш байзақ равад, фарзин шавад,
Дар сояи фаррухрухе байзақ бирафту шоҳ шуд.
Шаб рӯҳҳо восил шавад, мақсудҳо ҳосил шавад,
Чун рӯз равшандил шавад, ҳар к-ӯ зи шаб огоҳ шуд.
Ай рӯз, чун ҳашрӣ магар в-ай шаб, шаби қадрӣ магар?
Ё чун дарахти Мӯсиӣ, к-ӯ мазҳари Аллоҳ шуд.
Шаб моҳ хирман мекунад, ай рӯз, зин бар гов неҳ,
Бингар, ки Роҳи Каҳкашон аз Сунбула пуркоҳ шуд.
Дар чоҳи шаб ғофил машав, дар далви гардун даст зан,
Юсуф гирифт он далвро, аз чоҳ сӯи ҷоҳ шуд.
Дар тирашаб чун Мустафо мерав, талаб мекун сафо,
К-он шаҳ зи миъроҷи шабе бемислу беашбоҳ шуд.
Хомӯш шуд олам ба шаб, то чуст бошӣ дар талаб,
Зеро ки бонгу арбада ташвиши хилватгоҳ шуд.
Ай Шамси Табрезӣ, ки ту аз пардаи шаб фориғӣ,

пешина
аз 71
навбатӣ