Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Лошарқию лоғарбиӣ, акнун сухан кӯтоҳ шуд.

Ай лӯлиён, ай лӯлиён, як лӯлие девона шуд,
Ташташ фитод аз боми мо, нак сӯи маҷнунхона шуд.
Мегашт гирди ҳавз ӯ чун ташнагон дар ҷустуҷӯ,
Чун хушкнона ногаҳон дар ҳавзи мо тарнона шуд.
Ай марди донишманд ту, ду гӯш аз ин барбанд ту,
Машнав ту ин афсун, ки ӯ з-афсуни мо афсона шуд.
З-ин ҳалқа биҷҳад гӯшҳо, к-ӯ ақл бурд аз ҳушҳо,
То сар ниҳад бар осиё, чун дона дар паймона шуд.
Бозӣ мабин, бозӣ мабин, ин ҷо ту ҷонбозӣ гузин,
Сарҳо зи ишқи ҷаъди ӯ бас сарнигун чун шона шуд.
Ғарра машав бо ақли худ, бас устоди муътамад,
К-устуни олам буд ӯ, нолонтар аз Ҳаннона шуд.
Ман, ки зи ҷон бибридаам, чун гул қабо бидридаам,
З-он рӯ шудам, ки ақли ман бо ҷони ман бегона шуд.
Ин қатраҳои ҳушҳо мағлуб баҳри ҳуш шуд,
Зарроти ин ҷонрезҳо мустаҳлики ҷонона шуд.
Хомуш кунам, фармон кунам в-ин шамъро пинҳон кунам,
Шамъе, ки андар нури ӯ хуршеду маҳ парвона шуд.

Он кист он, он кист он, к-ӯ синаро ғамгин кунад?
Чун пеши ӯ зорӣ кунӣ, талхи туро ширин кунад.
Аввал намояд мори кар, охир бувад ганҷи гуҳар,
Ширин шаҳе, к-ин талхро дар дам накӯойин кунад.
Деве бувад, ҳураш кунад, мотам бувад, сураш кунад
В-он кӯри модарзодро донову оламбин кунад.
Торикро равшан кунад в-он хорро гулшан кунад,
Хор аз кафат берун кашад в-аз гул туро болин кунад.
Баҳри Халили хештан оташ диҳад афрӯхтан
В-он оташи Намрудро ишкуфаву насрин кунад.

Равшанкуни исторагон, чорагари бечорагон,
Бар банда ӯ эҳсон кунад, ҳам бандаро таҳсин кунад.
Ҷумла гуноҳи муҷримон чун барги дай резон кунад,
Дар гӯши бадгӯёни худ узри гунаҳ талқин кунад.
Гӯяд, бигӯ: Ё залвафо, ағфир лизанби қадҳафо,
Чун банда ояд дар дуъо, ӯ дар ниҳон омин кунад.
Омини ӯ он аст, к-ӯ андар дуъо завқаш диҳад,
Ӯро буруну андарун ширину хуш чун тин кунад.
Завқ аст, к-андар неку бад дар дасту по қувват диҳад,
К-ин завқ зӯри рустамон ҷуфти тани мискин кунад.
Бо завқ мискин Рустаме, бе завқ Рустам пурғаме,
Гар завқ набвад, ёри ҷон, ҷонро чӣ ботамкин кунад?
Дилро фиристодам багаҳ, к-ӯ тез донад рафт раҳ,
То сӯи Табрези вафо авсофи Шамсуддин кунад.

Имрӯз хандонему хуш, к-он бахти хандон мерасад,
Султони султонони мо аз сӯйи майдон мерасад.
Имрӯз тавба бишканам, парҳезро барҳам занам,
К-он Юсуфи Канъони ман аз шаҳри Канъон мерасад.
Масту хиромон меравам, пӯшида чун ҷон меравам,
Пурсону ҷӯён меравам он сӯ, ки султон мерасад.
Иқбол ободон шуда, дастори дил вайрон шуда,
Афтон шуда, хезон шуда, к-аз базми мастон мерасад.
Фармони мо кун, ай писар, бо мо вафо кун, ай писар,
Нася раҳо кун, ай писар, к-имрӯз фармон мерасад.
Пурнур шав чун осмон, сарсабз шав чун бӯстон,
Шав ошно чун моҳиён, к-он баҳри Уммон мерасад.
Ҳон, ай писар, ҳон, ай писар, худро бибин, дар ман нигар,
Зеро зи бӯйи заъфарон гӯянда хандон мерасад.
Боз омадӣ, каф мезанӣ, то хонаҳо вайрон кунӣ,
Зеро ки дар вайронаҳо хуршеди рахшон мерасад.
Ай хонаро гашта гарав, ту сояпарвардӣ, бирав,
К-аз офтоб он сангро лаъли Бадахшон мерасад.
Гаҳ хунию хунхораӣ, гаҳ хастагонро чораӣ,

пешина
аз 71
навбатӣ