Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ҒазалАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Тифл, ки ӯ лут* кашидан гирифт.
Рӯҳ чу бозест, ки паррон шавад,
К-аз суи шаҳ табл шунидан гирифт.
Бас кун, зеро ки ҳиҷоби сухан
Парда ба гирди ту танидан гирифт.

Кист дар ин шаҳр, ки ӯ маст нест?
Кист дар ин давр, к-аз ин даст нест?
Кист, ки аз дамдамаи рӯҳи қудс
Ҳомила чун Марями обаст нест?
Кист, ки ҳар соъат панҷоҳ бор
Бастаи он турраи чун шаст нест?
Чист дар он маҷлиси болои чарх
Аз майу шоҳид, ки дар ин паст нест?
Менаҳилад май, ки хирад дам занад,
То бинагӯянд, ки пайваст нест.
Ҷон бари ӯ баста шуду ланг монд,
З-он ки аз ин ҷо-ш бурунҷаст нест.
Булъаҷаби булъаҷабонро нигар,
Ҳеч ту дидӣ, ки касе ҳаст? Нест.
Барпарад он дил, ки параш шаҳ шикаст
Бар сари ин чарх, к-аш ишкаст нест.
Нест шаву вораҳ аз ин гуфтугӯй,
Кист, к-аз ин нотиқа вораст нест?

Хонаи дил боз кабӯтар гирифт,
Машғалаи бақри бақу** дар гирифт.
Ғулғули мастон чу ба гардун расид,
Каргаси заррини фалак пар гирифт.
Бӯтарабун гашт маҳу муштарӣ,
Зуҳраи мутриб тараб аз сар гирифт.
Холиқи арвоҳ зи обу зи гил

Оинае карду баробар гирифт.
З-оина сад нақш шуду ҳар яке
Он чи мар ӯрост муяссар, гирифт.
Ҳар кӣ диле дошт, ба пояш фитод,
Ҳар кӣ сари ӯ, сари минбар гирифт.
Хирмани арвоҳ ниҳоят надошт,
Мӯрчае чизи муқаррар гирифт.
Гар зи ту пур гашт ҷаҳон ҳамчу барф,
Нест шавӣ, чун тафи хур даргирифт.
Нест шав, ай барфу ҳама хок шав,
Бингар, к-ин хок чӣ зевар гирифт.
Хок батадриҷ бад-он ҷо расид,
К-аз фари ӯ ҳар ду ҷаҳон фар гирифт.
Бас ки забон ин дам маъзул шуд,
Бас ки ҷаҳон ҷони суханвар гирифт.

  • Луқма, таъом, хуриш.
    ** Садои кабӯтар.

Боз расидем зи майхона маст,
Боз раҳидем зи болову паст.
Ҷумлаи мастон хушу рақсон шуданд,
Даст занед, ай санамон, даст, даст.
Моҳию дарё ҳама мастӣ кунанд,
Чунки сари зулфи ту афтод шаст.
Зеру забар гашт хароботи мо,
Хунб нигун гашту қароба шикаст.
Пири харобот чу он шӯр дид,
Бар сари бом омаду аз бом ҷаст.
Ҷӯш баровард яке май, к-аз ӯ
Ҳаст шавад нест, шавад нест ҳаст.
Шиша чу бишкасту ба ҳар сӯй рехт,
Чанд кафи пойи ҳарифон, ки хаст.
Он ки сар аз пой надонад, куҷост,
Маст фитодаст ба кӯи аласт.
Бодапарастон ҳама дар ишратанд,
Тантани тантан шунав, ай танпараст.

пешина
аз 71
навбатӣ