Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Пеши чунин моҳрӯ гиҷ шудан воҷиб аст,
Ишрати парвонаро шамъу лаган воҷиб аст.
Ҳаст зи чанги ғамаш гӯши маро кашмакаш,
Ҳар дамам аз чанги ӯ тантани тан воҷиб аст.
Далви ду чашми маро гарчи ки кам нест об,
Мардумаки дидаро чоҳи зақан воҷиб аст.
Дилбари чун моҳро ҳар чӣ кунад, мерасад,
Ошиқи даргоҳро хулқи ҳасан воҷиб аст.
Турраи хеш, ай нигор, худ ба кафи ман супор,
Ҳар кӣ дар ин чаҳ фитод, доди расан воҷиб аст.
Ишқ, ки шаҳри хушест, ин ҳама ағёр чист?
Ҳифзи чунин шаҳрро бурҷу бадан воҷиб аст.
Ғамзаи дуздидаро шаҳнаи ғам дар пай аст,
Равшании дидаро хуби Хутан воҷиб аст.
Ошиқи Исо наӣ, бо хуру хар кай зийӣ,
Колбади мурдаро гӯру кафан воҷиб аст.
Марями ҷонро мухоз бурд ба нахлу риёз,
Мунқатиъи дардро нузли ватан воҷиб аст.
Нузли дили боркаш ҳаст мулоқоти хуш,
Ноқаи пурфоқаро шурбу атан воҷиб аст.
Лутф кун, ай кони қанд, роҳи даҳонам бибанд,
Уштури сармастро банди даҳан воҷиб аст.
Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чаппу рост,
Мо ба чаман меравем, азми тамошо кирост?!
Навбати хона гузашт, навбати бустон расид,
Субҳи саъодат дамид, вақти висолу лиқост.
Ай шаҳи соҳибқирон, хез зи хоби гарон,
Маркаби давлат бирон, навбати васл они мост.
Табли вафо кӯфтанд, роҳи само рӯфтанд,
Айни шумо нақд шуд, насяи фардо куҷост?
Рум баровард даст, зангии шабро шикаст,
Олами болову паст пур ламаъону сафост.
Ай хунук онро, ки ӯ раст аз ин рангу бӯ,
З-он ки ҷуз ин рангу бӯ дар дилу ҷон рангҳост.
Ай хунук он ҷону дил, к-ӯ раҳад аз обу гил,
Гарчи дар ин обу гил дастгаҳи кимиёст.
Ситеза кун, ки зи хубон ситеза ширин аст,
Баҳона кун, ки бутонро баҳона ойин аст.
Аз он лаби шакаринат баҳонаҳои дурӯғ
Ба ҷойи фотиҳаву кофҳову Ёсин аст.
Вафо тамаъ накунам, з-он ки ҷавр хубонро
Табиъат асту сиришт асту одату дин аст.
Агар туруш кунию рӯ зи мо бигардонӣ,
Ба қосид асту ба макр асту он дурӯғин аст.
Зи дасти ғайри ту андар даҳони ман ҳалво,
Ба ҷони поки азизон, ки гурзи рӯйин аст.
Ҳазор ваъда деҳ, он гаҳ хилоф кун ҳамаро,
Ки он шароб, ки арзад сад оби хуш, ин аст,
Зар ӯ диҳад, ки рухаш аз фироқ ҳамчу зар аст,
Чаро диҳад зару сим он парӣ, ки симин аст?
Ҷавоби ҳамчу шакар ӯ диҳад, ки муҳтоҷ аст,
Ҷавоби талхи туро сад ҳазор тамкин аст.
Ҷамолу ҳусни ту ганҷ асту хӯйи бад чун мор,
Бақои ганҷи ту бодо, ки он бурунин аст.
Қумоши ҳастии моро ба нози хеш бисӯз,
Ки он закоти латифат насиби мискин аст.
Буруни дар ҳамаро чун сагони кӯ биншон,
Ки дар шараф сари кӯйи ту Тури Синин аст.
Хуранд чӯби халифа шаҳон, чу шоҳ шаванд,
Ҷафои ишқ кашидан фани салотин аст.
Имом фотиҳа хонад, малак кунад омин,
Маро чу фотиҳа хондам, умеди омин аст.
Ҳар он фиреб, к-аз андешаи ту мезояд,
Ҳазор гавҳару лаълаш баҳову кобин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор