Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Мункири ӯ чун шавам, чун ҳама иқрорам ӯст?
Гуфт: Хамуш чанд-чанд лофи туву гуфти ту,
Ман чӣ кунам, ай азиз, гуфтани бисёрам ӯст.
Боз даромад ба базм, маҷлисиён, дӯст, дӯст,
Гарчи ғалат медиҳад, нест ғалат, ӯст, ӯст.
Гоҳ хуши хуш шавад, гаҳ ҳама оташ шавад,
Таъбияҳои аҷаб ёри маро хӯст, хӯст.
Нақши вафо вай кунад, пушт ба мо кай кунад?
Пушт надорад чу шамъ, ӯ ҳамагӣ рӯст, рӯст.
Пӯст раҳо кун чу мор, сар ту баровар зи ёр,
Мағз надорӣ магар, то кай аз ин пӯст, пӯст?
Ҳар кӣ ба ҷидди тамом дар ҳаваси мост, мост,
Ҳар кӣ чу сели равон дар талаби ҷӯст, ҷӯст.
Аз ҳаваси ишқи ӯ боғ пур аз булбул аст,
В-аз гули рухсори ӯ мағз пур аз бӯст, бӯст.
Мафхари табрезиён Шамси Ҳақ огаҳ бувад,
К-аз ғами ишқ ин танам бар масали мӯст, мӯст.
Он ки чунон меравад, ай аҷаб, ӯ ҷони кист?
Сахт равон меравад, сарви хиромони кист?
Ҳалқаи он ҷаъди ӯ силсилаи пойи кист?
Зулфи чалиповашаш офати имони кист?
Дулдули мо суратест, ай аҷаб, он нақши кист?
В-ин ҳама бӯҳои хуш аз сӯйи бустони кист?
Дидам он шоҳро, он шаҳи огоҳро,
Гуфтам: Ин шоҳ кист? Хусраву султони кист?
Чун сухани ман шунид, гуфт ба хосони хеш:
К-ин ҳама дуд аз куҷост, ҳоли парешон кист?
Ақл равон сӯ ба сӯ, рӯҳ давон кӯ ба кӯ,
Дил ҳама дар ҷустуҷӯ, ё Раб, ҷӯёни кист?
Дил чӣ ниҳӣ дар ҷаҳон, бош дар ӯ меҳмон,
Бандаи он шав, ки ӯ донад, меҳмони кист.
Дар дили ман доругир, ҳаст дусад шоҳу мир,
Ин дили пурғулғула маҷлису айвони кист.
Арсаи дил бекарон гум шуда дар вай ҷаҳон,
Ай дили дарёсифат, сина биёбони кист?
Ғам чӣ кунад бо касе, донад, ғам аз куҷост,
Шоди абад гашт он-к донад, шодони кист.
Ай зада лофи карам, гуфт, ки ман муҳсинам,
Марги ту гӯяд туро, к-ин ҳама эҳсони кист.
Он дам, к-ин дӯстон бо ту дигаргун шаванд,
Пас, ту бидонӣ, ки ин ҷумла тилисмони кист.
Нақди суханро бимон, сиккаи султон биҷӯ,
К-ай зари комилъиёр, нақди ту аз кони кист?
Ай ғам, агар мӯ шавӣ, пеши манат бор нест,
Дар шакарина, яқин, сиркаи ин кор нест.
Гарчи ту хунхораӣ, раҳзану айёраӣ,
Қиблаи мо ғайри он дилбари айёр нест.
Кони шакарҳост ӯ, мастии сарҳост ӯ,
Раҳ набарад бо вай, он-к мурғи шакархор нест.
Ҳар кӣ диле доштаст, бандаи дилбар шудаст,
Ҳар кӣ надорад диле, толиби дилдор нест.
Кал чӣ кунад шонаро чунки варо мӯй нест,
Пуд чӣ кор оядаш, он ки варо тор нест?
Бо сари майдон чӣ кор, он ки бувад харсавор,
То чӣ кунад сайрафӣ, ҳар к-аш динор нест.
Ҷони Калиму Халил ҷониби оташ давон,
Боз намояд дар ӯ ҷуз гулу гулзор нест.
Ай ғам, аз ин ҷо бирав, варна сарат шуд гарав,
Ранги шаби тираро тоб маҳи ёр нест.
Ай ғами пурхор, рав, дар дили ғамхор рав,
Нуқли бахилонаат туъмаи хаммор нест.
Дидаи ғайни ту танг, мимат аз он тангтар,
Тунги матоъи туро ишқ харидор нест.
Ай ғами шодишикан пуршакар аст ин даҳан,
К-аз шакарогандагӣ мумкини гуфтор нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор