Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Андар биҳишт рафтаву дидорам орзуст.
Моро канор гир, туро худ канор нест,
Ошиқ навохтан, ба Худо, ҳеҷ ор нест.
Беҳадду беканорӣ, н-ойӣ ту дар канор,
Ай баҳри беамон, ки туро зинҳор нест.
З-он шаб, ки моҳи хеш намудӣ ба ошиқон,
Чун чархи беқарор касеро қарор нест.
Ҷуз файз баҳри фазли ту моро умед нест,
Ҷуз гавҳари санои ту моро нисор нест.
То кору бори ишқ ҳавои ту дидаем,
Моро таҳаййурест, ки бо кор кор нест.
Як мир вонамо, ки туро ӯ асир нест,
Як шер вонамо, ки туро ӯ шикор нест.
Мурғони ҷастаем зи сад дом мардвор,
Домест доми ту, ки аз ин сӯ матор нест.
Омад расули ишқи ту чун соқии сабӯҳ,
Бо ҷоми бодае, ки мар онро хумор нест.
Гуфтам, ки нотавонаму ранҷурам аз фироқ,
Гуфто: Бигир, ҳин ки гаҳи эътизор нест.
Гуфтам: Баҳона нест, ту худ ҳоли ман бубин,
Мапзир узри банда, агар зор-зор нест.
Корам ба як дам омад аз дамдамай ҷафо,
Ҳангоми мурдан аст, замони уқор нест.
Гуфто, ки ҳоли хеш фаромӯш кун, бигир,
Зеро ки ошиқонро ҳеч ихтиёр нест.
То нагзарӣ зи роҳату ранҷи зиёди хеш,
Сӯйи муқаррабони висолат гузор нест.
Обе бизан аз ин майу биншон ғубори ҳуш,
Ҷуз моҳи ишқ, ҳар чӣ бувад, ҷуз ғубор нест.
Шоҳ кушодаст рӯ, дидаи шаҳбин кирост?
Бодаи гулгуни шаҳ бар гулу насрин кирост?
Шоҳ дар ин дам ба базм пойи тараб дарниҳод,
Бар сари зонуи шаҳ такяву болин кирост?
Пеши рухи офтоб чарх паёпай кӣ зад?
Дар тутуқи абри тан моҳ ба таъйин кирост?
Соғарҳо мешумурд, вай бишуда аз шумор,
Гар бинашуд аз шумор, соғари пешин кирост?
Аз асари рӯйи шаҳ ҳар нафасе шоҳиде,
Сар кашад аз ломакон, гӯяд: Кобин кирост?
Ай бас мурғони об бар лаби дарёи ишқ
Синаи сайёд ку? Дидаи шоҳин кирост?
Ҳин, ки буроқони ишқ дар чаманаш мечаранд,
Танг даромад висол, лоиқашон зин кирост?
Симбари хуби ишқ рафт ба хиргоҳи дил,
Чеҳраи зар лоиқи он бари симин кирост?
Хусрави ҷон Шамсидин – мафхари табрезиён,
Дар ду ҷаҳон ҳамчу ӯ шоҳи хушойин кирост?
Кор надорам ҷуз ин, коргаҳу корам ӯст,
Лоф занам, лоф, лоф, чунки харидорам ӯст.
Тӯтии гӯё шудам, чун шакаристонам ӯст,
Булбули бӯё шудам, чун гулу гулзорам ӯст.
Пар ба малак барзанам, чун пару болам аз ӯст,
Сар ба фалак барзанам, чун сару дасторам ӯст.
Ҷону дилам сокин аст, чунки дилу ҷонам ӯст,
Қофилаам эмин аст, қофиласолорам ӯст.
Бар масали гулситон рангразам хумми ӯст,
Бар масали офтоб теғи гуҳардорам ӯст.
Хонаи ҷисмам чаро саҷдагаҳи халқ шуд?
З-он ки ба рӯзу ба шаб бар дару деворам ӯст.
Даст ба дастат ҷуз ӯ менасупорад дилам,
З-он ки табиби ғами ин дили беморам ӯст.
Бар рухи ҳар кас, ки нест доғи ғуломии ӯ,
Гар падари ман бувад, душману ағёрам ӯст.
Ай ки ту муфлис шудӣ, санг ба дил барзадӣ,
Силла зи ман хоҳ, з-онк махзану анборам ӯст.
Шоҳ маро хондааст, чун наравам пеши шоҳ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор