Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
То нақши хаёли дӯст бо мост,
Моро ҳама умр худ тамошост.
Он ҷо, ки висоли дӯстон аст,
Валлаҳ, ки миёни хона саҳрост.
В-он ҷо, ки муроди дил барояд,
Як хор беҳ аз ҳазор хурмост,
Чун бар сари кӯйи ёр хусбем,
Болину лиҳофи мо Сурайёст.
Чун дар сари зулфи ёр печем,
Андар шаби Қадр қадр морост.
Чун акси ҷамоли ӯ битобад,
Куҳсору замин ҳариру дебост.
Аз бод чу бӯйи ӯ бипурсем,
Дар бод садои чангу сурност.
Бар хок чу номи ӯ нависем,
Ҳар пораи хок ҳуру ҳурост.
Бар оташ аз ӯ фусун бихонем,
З-ӯ оташи тез обсимост.
Қисса, чӣ кунам, ки бар адам низ
Номаш чу барем, ҳастиафзост.
Он нукта, ки ишқи ӯ дар он ҷост,
Пурмағзтар аз ҳазор ҷавзост.
В-он лаҳза, ки ишқ рӯй бинмуд,
Инҳо ҳама аз миёна бархост.
Хомуш, ки тамом хатм гаштаст,
Куллии муроди Ҳақ таъолост.
Медон, ки замона нақши савдост,
Берун зи замона сурати мост.
Зеро қафас аст ин замона,
Берун ҳама кӯҳи Қофу Анқост.
Ҷӯйест ҷаҳону мо бурунем,
Бар ҷӯй фитода сояи мост.
Ин ҷо сари нуктаест мушкил –
Ин ҷо набувад, валек ин ҷост.
Ҷуз дар рухи ҷон маханд, ай дил,
Бе ӯ ҳама ханда гиряафзост.
Он дил набувад, ки бошад ӯ танг,
З-он рӯй, ки дил фароху паҳност.
Дил ғам нахурад, ғизо-ш ғам нест,
Тӯтист дилу аҷаб шакархост.
Монанди дарахт сар қадам соз,
Зеро ки раҳи ту зеру болост.
Шох аз чӣ назар ба бех дорад?
К-он қуввати мағзи ӯ ҳам аз пост.
Дуди дили мо нишони савдост,
В-он дуд, ки аз дил аст, пайдост.
Ҳар мавҷ, ки мезанад дил аз хун,
Он дил набувад, магар ки дарёст.
Бегона шуданд ошноён
Дил низ ба душманӣ чӣ бархост.
Ҳар сӯй, ки ишқ рахт бинҳод,
Ҳар ҷо, ки саломат аст, он ҷост.
Мо нагрезем аз ин маломат,
Зеро ки қадим хонаи мост.
Дар ишқ ҳасад баранд шоҳон,
З-он рӯй, ки ишқ шамъи дилҳост.
По бар сари чархи ҳафтумин неҳ,
К-ин ишқ ба ҳуҷраҳои болост.
Ҳушёр мабош, з-он ки ҳушёр
Дар маҷлиси ишқ сахт расвост.
Мирӣ маталаб, ки мири маҷлис
Гар чашм бибастааст, биност.
Ин ишқ ҳанӯз зери чодар
Ин гарди сиёҳ, бин, ки бархост.
Ҳарчанд ки зери ҳафт пардаст,
Пайдост, ки сахт хубу зебост.
Шабхез кунед, ай ҳарифон,
Шамъ асту шаробу ёр танҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор