Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Гӯям сухани шакарнаботат,
Ё қиссаи чашмаи ҳаётат?
Рух бар рухи ман ниҳӣ, бигӯям,
К-аз баҳри чӣ шоҳ кард мотат.
Дар хирманат оташе дарандохт,
К-аз хирмани худ диҳад закотат.
Сарсабз кунад чу тарразорат,
То боз харад зи турраҳотат.
Дар оташи ишқ чун Халилӣ,
Хуш бош, ки медиҳад наҷотат.
Ақлат шаби қадр диду сад ид,
К-аз ишқ дарида шуд баротат.
Савганд ба сояи латифат,
Савганд намехурам ба зотат.
Дар зоти ту кай расанд ҷонҳо,
Чун ғарқа шуданд дар сифотат?
Чун ҷӯй равону соҷидат кард,
То пок кунад зи саййиотат.
Аз ҳар ҷиҳате туро бало дод,
То боз кашад ба беҷиҳотат.
Гуфтӣ, ки хамуш кунам, накардӣ,
Механдад ишқ бар суботат.
Дар шаҳри шумо яке нигорест,
К-аз вай дилу ақл беқарорест.
Ҳар нафсеро аз ӯ насибест,
Ҳар боғеро аз ӯ баҳорест.
Дар ҳар кӯйе аз ӯ фиғонест,
Дар ҳар роҳе аз ӯ ғуборест.
Дар ҳар гӯше аз ӯ самоъест,
Ҳар чашм аз ӯ дар эътиборест.
Дар кор шавед, ай ҳарифон,
К-ин ҷо моро азим корест.
Пинҳон ёре ба гӯши ман гуфт,
К-ин ҷо пинҳон латиф ёрест.
Ӯ буд, ки ба ин тариқ мегуфт,
К-аз таъбияҳош дил низорест.
Ӯ буд расули хешу мурсал,
К-он лаҳҷа аз они шаҳрёрест.
Навҳа-сту амони ғарқагон аст,
Рӯҳ асту ниҳону ошкорест.
Гирди тарашон магард з-ин пас
Чун паҳлуи ту шакарнисорест.
Гирди шакарони табъ кам гард,
К-он шаҳват низ баргузорест.
Ин ҷо шакарест бениҳоят,
Ин ҷо сарвақти пойдорест.
Хомӯш кун, ай дилу мапиндор,
К-ӯро ҳаддест ё канорест.
Омад рамазону ид бо мост,
Қуфл омаду он калид бо мост.
Барбаст даҳону дида бикшод,
В-он нур, ки дида дид, бо мост.
Омад рамазон ба хидмати дил
В-он к-аш, ки дил офарид, бо мост.
Дар рӯза агар падид шуд ранҷ,
Ганҷи дили нопадид бо мост,
Кардем зи рӯза ҷону дил пок,
Ҳарчанд тани палид бо мост.
Рӯза ба забони ҳол гӯяд:
Кам шав, ки ҳама мазид бо мост.
Чун ҳаст Салоҳидин дар ин ҷамъ,
Мансуру Абоязид бо мост.
Ай карда миёни сина ғорат,
Ай ҷону ҳазор ҷон шикорат.
Ҷуз куштани ошиқон чӣ шуғлат?
Ҷуз куштани халқ чист корат?
Май каш, ки дуруст бод дастат,
Ай ҷони ҷаҳониён нисорат.
Бас куштаи зиндаро, ки дидам
Аз ғамзаи чашми пурхуморат.
Бас сокини беқарор дидам,
Дар оташи ишқ беқарорат.
Як мурда ба хок дарнамонад,
Гар ранҷа шавӣ, кунӣ зиёрат.
Ҷон бӯсад хоки ту ба ҳар дам
Бар бӯйи канори беканорат.
Он раҳ, ки биёмадам, кадом аст?
То боз равам, ки кор хом аст.
Як лаҳза зи кӯйи ёр дурӣ
Дар мазҳаби ошиқон ҳаром аст.
Андар ҳама деҳ, агар касе ҳаст,
Валлаҳ, ки ишорате тамом аст.
Саъва зи куҷо раҳад, ки симурғ
Побастаи ин шигарф дом аст.
Оворадило, маё бад-ин сӯй,
Он ҷо бинишин, ки хуш мақом аст.
Он нуқл гузин, ки ҷонфизояст,
В-он бода талаб, ки боқавом аст.
Боқӣ ҳама бӯву нақшу ранг аст,
Боқӣ ҳама ҷангу нангу ном аст.
Хомӯш куну зи пой биншин,
Чун мастию ин канори бом аст.
Ошиқонро гарчи дар ботин ҷаҳоне дигар аст,
Ишқи он дилдори моро завқу ҷоне дигар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор