Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Аз он шире, ки ҷӯйи хулд аз вай
Низом асту низом асту низом аст.
Хамуш кардам, ки ғайрат бар даҳонам
Лигом асту лигом асту лигом аст.
Нигори хуби шаккарбор чун аст?
Чароғи дидаву дидор чун аст?
Аҷаб, он ғамзаи ғаммоз чун аст?
Аҷаб, он турраи таррор чун аст?
Аҷаб, он шуҳраи бозори хубӣ,
Аҷаб, он равнақи гулзор чун аст?
Дилам аз меҳр дар мотам нишастаст,
Аҷаб, дар меҳри дил дилдор чун аст?
Зи лутфи хеш ёрам хонд он ёр,
Аҷаб, он ёр бе ин ёр чун аст?
Ба зоҳир бандагонро менавозад,
Аҷаб, бо банда дар асрор чун аст?
Чу аввал дидамаш, ҷоне-м бахшид,
Бидонистам, ки дар исор чун аст,
Агар дубора кардӣ он карамро
Яқин гаштӣ, ки дар такрор чун аст.
Аҷаб, он шаъри атласпӯши ҷаъдаш
Ба гирди атласи рухсор чун аст?
Табиби ошиқонро бозпурсед,
Ки то он наргиси бемор чун аст?
Аҷаб, он нофаи тотор чун аст?
Аҷаб, он турраи Булғор чун аст?
Аҷаб, бар доирай хатти муҳаққақ,
Ки бишкастаст сад паргор, чун аст?
Мани зорам асири нолаи зер,
Напурсад рӯзаке, к-он зор чун аст?
Дилам дузди назар, ӯ дузди ин дузд
Аҷаб, он дузди дуздафшор чун аст.
Туро, ай дӯст, чун ман ёри ғорам,
Саре дар ғор кун, к-ин ғор чун аст,
Ки то бинам туро, ҷон барфишонам,
Намоям халқро, наззор чун аст.
Ниҳоят нест гуфтамро, валекин
Намудам шакли он гуфтор чун аст.
Ду чашми оҳувонаш шергир аст,
К-аз ӯ бар ман равон борони тир аст.
Камони абрувону тири мижгон
Гувоҳонанд, к-ӯ бар ҷон амир аст.
Чу зулфи дарҳамаш дарҳам аз онам,
Ки бӯйи ӯ беҳ аз мушку абир аст,
Дар он зулфайн аз он печида ин ҷон,
Ки дил занҷири зулфашро асир аст.
Магӯ, он сарви моро ту назирӣ,
Ки моҳи мо ба хубӣ беназир аст.
Бияндозам ман ин сарро ба пешаш,
Агарчи ҷон ба пеши ӯ ҳақир аст.
Хаёли рӯйи шаҳро саҷда мекун,
Хаёли шаҳ ҳақиқатро вазир аст.
Чунон к-ин дил аз он дилдор маст аст,
Зи хуни софи мо он ёр маст аст,
Хумораш нашканам, илло ба хунам,
Аз ин шодӣ дили ғамхор маст аст.
Шафақворам ба ҳар субҳе ба хун-дар,
Ки дар ҳар субҳ он хунхор маст аст.
Мадеҳ панду мабар хунам ба гардан,
Ки чашми дилбари киндор маст аст.
Чаро ин хол ҳамчун ташти хун аст?
Ки чашми соқии асрор маст аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор