Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

АдабиётШеърҒазал
Аз аввал хондан

Ай дар ғами ту ба сӯзу ё раб
Бигриста осмон ҳама шаб!
Гар чарх бигиряду бихандад,
Он ҷазбаи хок бошад ағлаб.
Азбаски бирехт ашк бар хок,
Шуд хок зи ашки ӯ мутаййаб.
Аз гиряи осмон даромад
Сад боғ ба хандаи музаҳҳаб.
Ман будаму чарх дӯш гирён,
Ӯрову маро якест мазҳаб.
Аз гиряи осмон чӣ рӯяд?
Гулҳову бунафшаи мураттаб.
В-аз гиряи ошиқон чӣ рӯяд?
Сад меҳр даруни он шакарлаб,
Он чашм ба гиря мефишорад,
То бифшорад нигор ғабғаб.
Ин гиряи абру хандаи хок
Аз баҳри ману ту шуд мураккаб.
В-ин гиряи мову хандаи мо
Аз баҳри натиҷа шуд мураттаб.
Хомӯш куну назора мекун
Андар талаби ҷаҳону матлаб.

Оҳ аз ин зиштон, ки маҳрӯ менамояд аз ниқоб,
Аз дарунсӯ моҳтобу аз бурунсӯ офтоб.
Чанги Даҷҷол аз даруну ранги абдол аз бурун
Доми дуздон дар замиру рамзи шоҳон дар хитоб!
Ошиқи чодар мабошу хар марон дар обу гил,
То намонӣ з-обу гил монанди хар андар халоб.
Чун ба саг нон афканӣ, саг бӯ кунад, он гаҳ хурад,
Саг наӣ, шерӣ, чӣ бошад баҳри нон чандин шитоб?
Дар ҳар он мурдор бинӣ рангаке, гӯйӣ, ки ҷон,
Ҷон куҷо, ранг аз куҷо, ҷонро биҷӯ, ҷонро биёб!
Ту суолу ҳоҷатӣ, дилбар ҷавоби ҳар суол,
Чун ҷавоб ояд, фано гардад суол андар ҷавоб.
Аз хитобаш ҳаст гаштӣ чун шароб аз саъйи об
В-аз шаробаш нест гаштӣ ҳамчу об андар шароб.
Ӯ зи нозиш сар кашида ҳамчу оташ дар фурӯғ,
Ту зи хиҷлат сар фиканда чун хато пеши савоб.
Гар хазони ғорате мар боғро бебарг кард,
Адли султони баҳор омад барои фатҳи боб
Баргҳо чун номаҳо, бар вай навишта хатти сабз,
Шарҳи он хатҳо биҷӯ аз индаҳу уммулкитоб.

Ку ҳама лутф, ки дар рӯи ту дидам ҳама шаб?
В-он ҳадиси чу шакар аз ту шунидам ҳама шаб?
Гарчи аз шамъи ту месӯхт чу парвона дилам,
Гирди шамъи рухи хуби ту паридам ҳама шаб.
Шаб ба пеши рухи чун моҳи ту чодар мебаст,
Ман чу маҳ чодари шаб мебидаридам ҳама шаб.
Ҷон зи завқи ту чу гурба лаби худ мелесид,
Ман чу тифлон сари ангушт газидам ҳама шаб.
Сина чун хонаи занбӯр пур аз машғала буд,
К-аз ту, ай кони асал, шаҳд кашидам ҳама шаб.
Доми шаб омаду ҷонҳои халоиқ бирабуд,
Чун дили мурғ дар он дом тапидам ҳама шаб.
Он ки ҷонҳо чу кабӯтар ҳама дар ҳукми вайанд,
Андар он дам мар ӯро талабидам ҳама шаб.

Дар ҳавоят беқарорам рӯзу шаб,
Сар зи поят барнадорам рӯзу шаб.
Рӯзу шабро ҳамчу худ маҷнун кунам,
Рӯзу шабро кай гузорам рӯзу шаб?
Ҷону дил аз ошиқон мехостанд,
Ҷону дилро месупорам рӯзу шаб.
То наёбам, он чи дар мағзи ман аст,
Як замоне сар нахорам рӯзу шаб.
То ки ишқат мутрибӣ оғоз кард,

пешина
аз 71
навбатӣ