Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Гоҳ чангам, гоҳ торам рӯзу шаб.
Мезанӣ ту захмаву бармеравад
То ба гардун зеру зорам рӯзу шаб.
Соқиӣ кардӣ башарро чил сабӯҳ,
З-он хамир андар хуморам рӯзу шаб.
Ай миҳори ошиқон дар дасти ту,
Дар миёни ин қаторам рӯзу шаб.
Мекашам мастона борат бехабар,
Ҳамчу уштур зери борам рӯзу шаб.
То бинакшойӣ ба қандат рӯзаам,
То қиёмат рӯза дорам рӯзу шаб.
Чун зи хони фазл рӯза бишканам,
Ид бошад рӯзгорам рӯзу шаб.
Ҷони рӯзу ҷони шаб, ай ҷони ту,
Интизорам, интизорам рӯзу шаб.
То ба соле нестам мавқуфи ид,
Бо маҳи ту идворам рӯзу шаб.
З-он шабе, ки ваъда кардӣ иди васл,
Рӯзу шабро мешуморам рӯзу шаб.
Баски кишти меҳри ҷонам ташна аст,
З-абри дида ашкборам рӯзу шаб.
Овоз дод ахтар: Бас равшан аст имшаб,
Гуфтам ситорагонро: Маҳ бо ман аст имшаб.
Баррав ба боми боло аз баҳри ассалоро,
Гул чидан аст имшаб, май хурдан аст имшаб.
То рӯз дилбари мо андар бар аст чун дил,
Дасташ ба меҳр моро дар гардан аст имшаб.
То рӯз зангиёнро бо Рум доругир аст,
То рӯз чангиёнро тан-тан-тан аст имшаб.
То рӯз соғари май дар гардиш асту бахшиш,
То рӯз гул ба хилват бо савсан аст имшаб.
Имшаб шароби васлат бо хосу ом резам,
Шодии он ки моҳат бар равзан аст имшаб.
Довудвор моро оҳан чу мум гардад,
К-оҳанрабост дилбар, дил оҳан аст имшаб.
Бикшой дасти дилро то пойи ишқ кӯбад,
К-он зори тарсдида дар маъман аст имшаб.
Бар рӯйи чун зари ман, ай бахт, бӯса медеҳ,
К-ин зарри гоздида дар маъдан аст имшаб.
Он к-ӯ ба макру дониш мебаст роҳ моро,
Полони хар бар ӯ неҳ, к-ӯ кавдан аст имшаб.
Шамшери обдораш пӯсида асту чӯбин,
В-он найзаи дарозаш чун сӯзан аст имшаб.
Хиргоҳи анкабут аст он қалъаи ҳасинаш,
Баргуставону хӯдаш чун равған аст имшаб.
Хомӯш кун, ки томиъ алкан бувад ҳамеша,
Бо ӯ чӣ баҳс дорӣ, к-ӯ алкан аст имшаб.
Кори ҳама муҳиббон ҳамчун зар аст имшаб,
Ҷони ҳама ҳасудон кӯру кар аст имшаб,
Дарёи ҳусни Эзад чун мавҷ мехиромад,
Хоки раҳ аз қудумаш чун анбар аст имшаб.
Дойим хушем бо вай, аммо ба фазли Яздон
Мо дигарем имшаб, ӯ дигар аст имшаб.
Имшаб муҳаббат, ай дил, мерон ба сӯи манзил,
К-он нозири ниҳонӣ бар манзар аст имшаб.
Паҳлӯ манеҳ, ки ёре паҳлӯи туст, оре,
Баргир сар, ки ин сар хуш з-он сар аст имшаб.
Чун дастгир омад, имшаб бигир дасте,
Рақсе, ки шохи давлат сабзу тар аст имшаб.
Валлаҳ, ки хоб имшаб бар ман ҳаром бошад.
К-ин ҷон чу мурғи обӣ дар Кавсар аст имшаб.
Ба ҷони ту, ки марав, аз миёни кор махусб,
Зи умр як шаб кам гиру зинда дор, махусб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор