Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Гар халқ ҳама хуфтанд, ай дил, ту биҳамдиллоҳ,
Гар дӯш намехуфтӣ, имшаб бипарӣ, имшаб.
Бо моҳ, ки ҳамхӯем, то рӯз сухан гӯем,
К-ай мӯниси муштоқон, соҳибназарӣ имшаб.
Шуд моҳ гувоҳи ман, истора силоҳи ман,
В-аз новаки истора, ай маҳ сипарӣ имшаб.

Меҳмони туам, ай ҷон, зинҳор махусб имшаб,
Ай ҷону дили миҳмон, зинҳор махусб имшаб.
Рӯи ту чу бадр омад, имшаб шаби Қадр омад.
Ай шоҳи ҳама хубон, зинҳор махусб имшаб.
Ай сарви дусад бустон, ороми дили мастон,
Бурдӣ дилу ҷон бистон, зинҳор махусб имшаб.
Ай боғи хуши хандон, бе ту ду ҷаҳон зиндон,
Онӣ туву садчандон, зинҳор махусб имшаб.

Ало, ай рӯи ту сад моҳу маҳтоб,
Магӯ шаб гашту бегаҳ гашт, биштоб.
Маро дар сояат, ай Каъбаи ҷон,
Ба ҳар масҷид зи хуршед аст меҳроб.
Ғалат гуфтам, ки андар масҷиди мо
Буруни дар бувад хуршед баввоб.
Аз ин ҳафт осиё мо нон наҷӯем,
Нанӯшем об мо з-ин сабз дӯлоб.
Мусаббиб ӯст асбоби ҷаҳонро,
Чӣ бошад тору пуди лоф асбоб.
Зи мастӣ дар ҳазорон чаҳ фитодем,
Бурунмон мекашад ишқаш ба қуллоб.
Чӣ равнақ дорад аз ту маҷлиси ҷон,
Зиҳӣ, чашму чароғу ҷони асҳоб!
Бихандад боғи дил з-он сарви муқбил,
Биҷӯшад хуни мо з-ин шохи унноб.
Футӯҳ андар футӯҳ андар футӯҳӣ,
Туйи мифтоҳу Ҳақ фаттоҳи абвоб.

Зи нафтандози ишқи оташинат
Замину осмон ларзон чу симоб.
Бари мастонаш ояд ме ба даъво,
Халақ гардад, биронандаш ба мизроб.
Хамуш кун, хатм кун, ай дил, чу дидӣ,
Ки он хубӣ намегунҷад дар алқоб.

Махсуб, ай ёри меҳмондор, имшаб,
Ки ту рӯҳию мо бемор имшаб.
Бурун кун хобро аз чашми асрор
Ки то пайдо шавад асрор имшаб.
Агар ту Муштарийӣ, гирди маҳ гард,
Ба гирди гунбади даввор имшаб.
Шикори Насри Тоирро ба гардун
Чу ҷони Ҷафъари Тайёр имшаб.
Туро ҳақ дод сайқал, то зудойӣ
Зи ҳаҷри азрақи зангор имшаб.
Биҳамдиллаҳ, ки халқон ҷумла хуфтанд
Ва ман бар Холиқам бар кор имшаб.
Зиҳӣ карру фару иқболи бедор,
Ки ҳақ бедору мо бедор имшаб.
Агар чашмам бихусбад то саҳаргоҳ,
Зи чашми худ шавам безор имшаб.
Агар бозор холӣ шуд, ту бингар
Ба Роҳи Каҳкашон бозор имшаб.
Шаби мо рӯзи он исторагон аст,
Ки дартобид дар дидор имшаб.
Асад бар Савр бартозад ба ҳамла,
Уторид барниҳад дастор имшаб.
Зуҳал пинҳон бикорад тухми фитна,
Бирезад Муштарӣ динор имшаб.
Хамуш кардам, забон бастам, валекин
Манам гӯёи бегуфтор имшаб.

пешина
аз 71
навбатӣ