Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Чархи фалак бо ҳама кору киё
Гирди фалак гардад чун осиё.
Гирди чунин Каъба кун, ай ҷон, тавоф,
Гирди чунин моида гард, ай гадо!
Бар масали гӯй ба майдон-ш гард,
Чунки шудӣ сархуши бедаступо.
Аспу рухатрост бар ин шаҳ тавоф,
Гарчи бар ин натъ равӣ ҷо ба ҷо.
Хотами шоҳӣ-т дар ангушт кард,
То ки шавӣ ҳокиму фармонраво.
Ҳар кӣ ба гирди дил орад тавоф,
Ҷони ҷаҳоне шаваду дилрабо.
Ҳамраҳи парвона шавад дилшуда,
Гардад бар гирди сари шамъҳо.
З-он ки танаш хокию дил оташист,
Майл суи ҷинс бувад ҷинсро.
Гирди фалак гардад ҳар ахтаре,
З-он ки бувад ҷинси сафо бо сафо.
Гирди фано гардад ҷони фақир,
Бар масали оҳану оҳанрабо.
З-он ки вуҷуд аст фано пеши ӯ,
Шуста назар аз ҳавалу аз хато.
Маст ҳаме кард вузӯ аз кумиз,
К-аз ҳадасам боз раҳон, Раббано!
Гуфт: Нахустин ту ҳадасро бидон,
Кажмажу мақлуб набояд дуъо.
З-он ки калидасту чу каж шуд калид,
Во шудани қуфл наёбӣ ато.
Хомӯш кардам, ҳамагон барҷаҳид,
Қомати чун сарви бутам зад сало.
Хусрави Табрези шаҳам Шамсидин
Бастам лабро, ту биё, баркушо!
Пеш каш он шоҳи шакархонаро,
Он гуҳари равшани дурдонаро.
Он шаҳи фаррухрухи бемислро,
Он маҳи дарёдили ҷононаро.
Рӯҳ диҳад мурдаи пӯсидаро,
Меҳр диҳад синаи бегонаро.
Домани ҳар хор пур аз гул кунад,
Ақл диҳад каллаи девонаро.
Дар хиради тифли дурӯза ниҳад
Он чи набошад дили фарзонаро.
Тифли кӣ бошад, ту магар мункирӣ
Арбадаи устуни Ҳаннонаро?
Маст шавию шаҳи мастон шавӣ,
Чунки бигардонад паймонаро.
Бехудаму масту парокандамағз
В-арна накӯ гӯям афсонаро.
Бо ҳама, бишнав, ки бибояд шунуд
Қиссаи ширини ғарибонаро.
Бишканад он рӯй дили моҳро,
Бишканад он зулф дусад шонаро.
Қиссаи он чашм кӣ ёрад гузорд
Соҳири соҳиркуши фаттонаро?
Бинад чашмаш, ки чӣ хоҳад шудан
То абад ӯ бинад пешонаро.
Роз магӯ, рав, аҷамӣ соз хеш,
Ёд кун он хоҷаи улёнаро.
Ай хоб, ба ҷони ту, заҳмат бибарӣ имшаб,
Аз баҳри Худо, з-ин ҷо андаргузарӣ имшаб.
Ҳар ҷо, ки бипаррӣ ту, вайрон шавад он маҷлис,
Ай хоб, дар ин маҷлис то дарнапарӣ имшаб.
Имшаб ба ҷамоли ӯ парварда шавад дида,
Ай чашм зи бехобӣ то ғам нах(в)арӣ имшаб.
Валлайли изо йағшо, ай хоб бирав, ҳошо,
То аз дили бедорон сад туҳфа барӣ имшаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор