Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ зиён аст лутфи оми туро?
Шамси Табрез, ин дилошуфта
Бар ҷигар бастааст номи туро.

Дилбари мо шудаст дил бари мо,
Гули мо беҳад асту шаккари мо.
Мо ҳамеша миёни гулшакарем,
З-он дили мо қавист дар бари мо.
Зуҳра дорад ҳаводиси табъӣ,
Ки бигардад ба гирди лашкари мо.
Мо ба пар мепарем сӯи фалак,
З-он ки аршист асли ҷавҳари мо.
Сокинони фалак бухур кунанд,
Аз сифоти хуши муъанбари мо.
Ҳама насрину арғавону гул аст
Бар замин шоҳроҳи кишвари мо.
На бихандад, на бишкуфад олам
Бе насими дами санавбари мо.
Зарраҳои ҳаво пазирад рӯҳ,
Аз дами ишқи рӯҳпарвари мо.
Гӯшҳо гаштаанд маҳрами ғайб,
Аз забону дили суханвари мо.
Шамси Табрез абрсӯз шудаст,
Сояаш кам мабод аз сари мо!

Чанд ниҳон дорӣ он хандаро,
Он маҳи тобондаи фархундаро?
Банда кунад рӯйи ту сад шоҳро,
Шоҳ кунад хандаи ту бандаро,
Ханда биёмӯз гули сурхро,
Ҷилва кун он давлати пояндаро.
Баста бад-он аст дари осмон,
То бикашад чун ту кушояндаро.

Дидаи қаттори шутурҳои маст
Мунтазиронанд кашонандаро.
Зулф барафшону дар он ҳалқа каш
Ҳалқи дусад ҳалқарабояндаро.
Рӯзи висол асту санам ҳозир аст,
Ҳеҷ мапо муддати ояндаро.
Ошиқи захма-ст дафи сахтрӯ,
Майли лаб аст он найи ноландаро.
Бар рухи даф чанд тапонча бизан,
Дам деҳ он нойи сиголандаро.
В-ар ба тамаъ нола барорад рубоб,
Хуш бикушо он кафи бахшандаро.
Айб макун, гар ғазал абтар бимонд,
Нест вафо хотири паррандаро.

Бода деҳ он ёри қадаҳбораро,
Ёри турушрӯйи шакарпораро.
Мангар он сӯй, бад-ин сӯ кушо
Ғамзаи ғаммозаи хунхораро.
Дасти ту мемолад бечоравор,
Неҳ ба кафаш чораи бечораро.
Хираву саргаштаву бекор кун
Ин хиради пири ҳамакораро.
Тифли дурӯза чу зи ту бӯ барад,
Мекашад ӯ сӯйи ту гаҳвораро.
Тарк кунад дояву сад ширро,
Ай бадали равғану кунҷораро.
Хуб калидӣ дари барбастаро,
Хуб камандӣ дили овораро.
Кори ту ин бошад, ай офтоб,
Нур фиристӣ маҳу истораро.
Мунтазираш бошу чу маҳ нур гир,
Тарк кун ин гангалу наззораро.
Раҳмати ту муҳра диҳад морро,
Хона диҳад ақраби ҷаррораро.

Ёд диҳад кори фаромӯшро,
Бод диҳад хотири сайёраро.
Ҳар бути сангин зи дамаш зинда шуд,
То чӣ дам аст он бути саҳҳораро.
Хомуш кун, гуфт аз ин олам аст,
Тарк кун ин олами ғаддораро.

Дод диҳӣ соғару паймонаро,
Моя диҳӣ маҷлису майхонаро.
Маст кунӣ наргиси махмурро,
Пеш кашӣ он бути дурдонаро.
Ҷуз зи худовандии ту кай расад
Сабру қарор ин дили девонаро?
Теғ баровар, ҳала, ай офтоб,
Нур деҳ ин гӯшаи вайронаро.
Қоф туйӣ маскани Симурғро,
Шамъ туйӣ ҷони чу парвонаро.
Чашмаи ҳайвон бикушо ҳар тараф,
Нақд кун он қиссаву афсонаро.
Маст кун, ай соқию дар кор каш
Ин бадани кофари бегонаро.
Гар накунад ром чунин девро,
Пас, чӣ шуд он соғари мардонаро?
Ними дилеро ба чӣ орад, ки ӯ
Паст кунад сад дили фарзонаро.
Аз пагаҳ имрӯз чӣ хуш маҷлисест
Он санами фитнаву фаттонаро.
Бишканад он чашми ту сад аҳдро
Маст кунад зулфи ту сад шонаро.
Як нафасе бом баро, ай санам,
Рақс дарор устуни Ҳаннонаро.
Шарҳи фатаҳнову ишороти он
Қуфл бигӯяд сари дандонаро.
Шоҳ бигӯяд, шунавад пеши ман,
Тарк кунам гуфти ғуломонаро.

пешина
аз 71
навбатӣ