Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Мо харобему туйӣ аз карам миъмори мо.
Дӯш гуфтам ишқро, ай шаҳи айёри мо,
Сар макаш, мункир машав, бурдаӣ дастори мо.
Пас ҷавобам дод ӯ, к-аз ту аст ин кори мо,
Ҳар чи гӯйӣ, во диҳад чун садо куҳсори мо.
Гуфтамаш: Худ мо куҳем, ин садо гуфтори мо,
З-он ки куҳро ихтиёр набвад, ай мухтори мо.
Гуфт: Бишнав аввалан шаммае з-асрори мо,
Ҳар сутури лоғаре кай кашонад бори мо?!
Гуфтамаш аз мо бибар заҳмати ахбори мо,
Булбуле мастӣ бикун ҳам зи бӯ темори мо.
Ҳастии ту фахри мо, ҳастии мо ори мо,
Аҳмаду Сиддиқ бин дар дили чун ғори мо.
Менанӯшад ҳар майе масти дурдихори мо,
Хур зи дасти шаҳ хурад мурғи хушминқори мо.
Чун бихусбад дар лаҳад қолаби мурдори мо,
Раста гардад з-ин қафас тӯтии таййори мо.
Худ шиносад ҷойи худ мурғи зираксори мо,
Баъди мо пайдо кунӣ дар замин осори мо.
Гар ба бустон бе туем, хор шуд гулзори мо,
В-ар ба зиндон бо туем, гул бирӯяд хори мо.
Гар дар оташ бо туем, нур гардад нори мо.
В-ар ба ҷаннат бо туем, нор шуд анвори мо.
Аз ту шуд бози сапед зоғи мову сори мо,
Бас куну дигар магӯ, к-ин бувад гуфтори мо.
Кароне надорад биёбони мо,
Қароре надорад дилу ҷони мо.
Ҷаҳон дар ҷаҳон нақшу сурат гирифт,
Кадом аст аз ин нақшҳо они мо?
Чу дар раҳ бибинӣ бурида саре,
Ки ғалтон равад сӯйи майдони мо,
Аз ӯ пурс, аз ӯ пурс асрори мо,
К-аз ӯ бишнавӣ сирри пинҳони мо.
Чӣ будӣ, ки як гӯш пайдо шудӣ
Ҳарифи забонҳои мурғони мо.
Чӣ будӣ, ки як мурғ паррон шудӣ,
Бар ӯ тавқи сирри Сулаймони мо.
Чӣ гӯям, чӣ донам, ки ин достон
Фузун аст аз ҳадду имкони мо.
Чӣ гуна занам дам, ки ҳар дам ба дам
Парешонтар аст ин парешони мо.
Чӣ кабкону бозон ситон мепаранд
Миёни ҳавои куҳистони мо.
Миёни ҳавое, ки муфтам ҳавост,
Ки бар авҷи он аст айвони мо.
Аз ин достон бигзар, аз ман мапурс,
Ки ҳар дам шикастаст дастони мо.
Салоҳулҳақу дин намояд туро
Ҷамоли шаҳаншоҳу султони мо.
Гӯши ман мунтазир паёми туро,
Ҷон ба ҷон ҷуста як саломи туро.
Дар дилам хуни шавқ меҷӯшад,
Мунтазир бӯйи ҷӯши ҷоми туро.
Ай зи ширинию диловезӣ
Дона ҳоҷат набуда доми туро.
Карда шоҳон нисори тоҷу камар
Мар қабои камин ғуломи туро.
З-аввали ишқ ман гумон бурдам,
Ки тасаввур кунам хитоми туро.
Силсила-м кун ба пойи уштурбанд
Ман тамаъ кай кунам саноми туро?!
Он ки шире зи лутфи ту хурдаст,
Марг бинад яқин фитоми туро.
Ба ҳақи он забони кошифи ғайб,
Ки ба гӯшам расон паёми туро.
Ба ҳақи он сарои давлатбахш,
Бинамоям зи дур боми туро.
Гар сар аз саҷдаи ту суд кунад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор