Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Ту он мардӣ, ки ӯ бар хар нишастаст,
Ҳамепурсад зи хар инрову онро.
Хамуш кун, к-ӯ намехоҳад зи ғайрат,
Ки дар дарё дарорад ҳамгинонро.
Хабар кун, ай ситора, ёри моро,
Ки дарёбад дили хунхори моро.
Хабар кун он табиби ошиқонро,
Ки то шарбат диҳад бемори моро.
Бигӯ шаккарфурӯши шаккаринро,
Ки то равнақ диҳад бозори моро,
Агар дар сир бигардонӣ дили худ,
На душман бишнавад асрори моро.
Пас андар ишқи душман ком гардам,
Ки душман мепарастад кори моро.
Агарчи душмани мо ҷон надорад,
Бисӯзон ҷони душмандори моро!
Агар гил бар сар астат, то нашӯйӣ,
Биёру бишкуфон гулхори моро.
Биё, ай Шамси Табрезии наййир,
Бад-он рух нур деҳ дидори моро!
Чу ӯ бошад дили дилсӯз моро,
Чӣ бошад шаб, чӣ бошад рӯз моро.
Ки хуршед ар фурӯ шуд, ар баромад,
Бас аст ин ҷони ҷонафрӯз моро.
Ту модармурдаро шеван маомӯз,
Ки устод аст ишқомӯз моро.
Мадӯзон хирқаи моро, мадаррон,
Нашояд шайхи хирқадӯз моро.
Ҳама кас бар адӯ пирӯз хоҳад,
Ҷамоли он адӯ пирӯз моро.
Ҳама кас бахти ганҷандӯз хоҳад,
Валекин ишқи ранҷандӯз моро.
Машкан дили марди муштариро,
Бигзор раҳи ситамгариро.
Раҳм ор, маҳо, ки дар шариъат
Қурбон накунанд лоғареро.
Махмури туам, ба дасти ман деҳ
Он ҷоми шароби гавҳариро.
Панде бидиҳу ба сулҳ овар
Он чашми хумори абҳариро.
Фармой ба ҳиндувони ҷоду,
К-аз ҳад набаранд соҳириро.
Дар шашдарае фитод ошиқ,
Бишкан дари ҳабси шашдариро.
Як лаҳза, муъиззи нома, пеш о,
Ҷамъ овар ҳалқаи париро.
Сар мениҳад ин хумор аз бун
Ҳар лаҳза шароб он сареро.
Сад ҷо чу қалам миён бибаста
Тунги шакари муъаскариро.
Ай ишқ, бародарона пеш о,
Бигзор саломи сарсариро.
Ай соқии рӯҳ, аз дари Ҳақ
Магзор ҳақи бародариро.
Ай Нӯҳи замона, ҳин, равон кун
Ин киштии табъи лангариро.
Ай ноиби Мустафо, бигардон
Он соғари зафти кавсариро.
Пайғом зи нафхи сур дорад,
Бикшой лаби паямбариро.
Ай сурхсабоғати аламдор,
Бикшо пару боли ҷаъфариро.
Пурлола куну пур аз гули сурх
Ин саҳни рухи музаъфариро.
Испед намекунам дигар ман,
Даррез раҳиқи аҳмариро.
Дар миёни пардаи хун ишқро гулзорҳо,
Ошиқонро бо ҷамоли ишқ бечун корҳо.
Ақл гӯяд: «Шаш ҷиҳат ҳаддасту берун роҳ нест»,
Ишқ гӯяд: «Роҳ ҳасту рафтаам ман борҳо».
Ақл бозоре надиду тоҷирӣ оғоз кард,
Ишқ дида з-он суи бозори ӯ бозорҳо.
Ай басо Мансури пинҳон, з-эътимоди ҷони ишқ
Тарки минбарҳо бигуфта, бар шуда бар дорҳо.
Ошиқони дурдкашро дар даруна завқҳо,
Оқилони тирадилро дар дарун инкорҳо.
Ақл гӯяд: «По манеҳ, к-андар фано ҷуз хор нест»,
Ишқ гӯяд ақлро, к-андар ту аст он хорҳо.
Ҳин, хамуш кун, хори ҳастиро зи пои дил бикан,
То бибинӣ дар даруни хештан гулзорҳо.
Шамси Табрезӣ, туйӣ хуршед андар абри ҳарф,
Чун баромад офтобат, маҳв шуд гуфторҳо.
Бо чунин шамшери давлат ту забун монӣ чаро?
Гавҳаре бошию аз санге фурӯ монӣ чаро?
Мекашад ҳар каргасе аҷзотро ҳар ҷонибе,
Чун на мурдорӣ ту, балки бози ҷононӣ чаро?
Дидаатро чун назар аз дидаи боқӣ расид.
Дидаат шармин шавад аз дидаи фонӣ чаро?
Он ки ӯро кас ба нася-в нақд настонад ба хок,
Инчунин бешӣ кунад бар нақдае конӣ чаро?
Он сияҳҷоне, ки куфр аз ҷони талхаш нанг дошт,
Заҳр резад бар туву ту шаҳди имонӣ чаро?
Ту чунин ларзони ӯ бошию ӯ сояй ту аст,
Охир, ӯ нақшест ҷисмонию ту ҷонӣ чаро?
Ӯ ҳама айби ту гирад, то бипӯшад айби худ,
Ту бар ӯ аз ғайб ҷон резию медонӣ чаро?
Чун дар ӯ ҳастӣ, бибинӣ, гӯйӣ, он ман нестам,
Даъвии ӯ чун набинӣ, гӯияш онӣ чаро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор