Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамкосаи султон шуд, то бод, чунин бодо!
Он боду ҳаворо бин, з-афсуни лаби ширин
Бо ной дар афғон шуд, то бод, чунин бодо!
Фиръавн бад-он сахтӣ, бо он ҳама бадбахтӣ
Нак, Мӯсии Имрон шуд, то бод, чунин бодо!
Он гург бад-он зиштӣ, бо ҷаҳлу фаромуштӣ
Нак, Юсуфи Канъон шуд, то бод, чунин бодо!
Шамсулҳақи Табрезӣ, азбаски даромезӣ,
Табрез Хуросон шуд, то бод, чунин бодо!
Аз аслами шайтонӣ шуд нафси ту раббонӣ,
Иблис мусулмон шуд, то бод, чунин бодо!
Он моҳ чу тобон шуд, кавнайн гулистон шуд,
Ашхос ҳама ҷон шуд, то бод, чунин бодо!
Бар рӯҳ барафзудӣ, то буд, чунин будӣ,
Фарри ту фаровон шуд, то бод, чунин бодо!
Қаҳраш ҳама раҳмат шуд, заҳраш ҳама шарбат шуд,
Абраш шакарафшон шуд, то бод, чунин бодо!
Аз кох чӣ ранг астат, аз шох, чӣ танг астат?
Ин гов чу қурбон шуд, то бод, чунин бодо!
Арзӣ чу самоӣ шуд, мақсуди Саноӣ шуд,
Ин буд, ҳама он шуд, то бод, чунин бодо!
Хомӯш, ки сармастам, барбаст касе дастам,
Андеша парешон шуд, то бод, чунин бодо!

Ай ёри қамарсимо, ай мутриби шаккархо,
Овози ту ҷонафзо, то рӯз машин аз по.
Судӣ, ҳамагӣ судӣ, бар ҷумла барафзудӣ,
То буд, чунин будӣ, то рӯз машин аз по.
Сад шаҳр хабар рафта, к-«Ай мардуми ошуфта,
Бедор шуд он хуфта, то рӯз машин аз по».
Бедор шуд он фитна, к-ӯ чун бизанад таъна,
Дар кӯҳ канад рахна, то рӯз машин аз по.
Дар хона чунин ҷамъе, дар ҷамъ чунин шамъе,
Дорам зи ту ман тамъе, то рӯз машин аз по.

Мир омаду мир омад, он бадри мунир омад,
В-он шаккару шир омад, то рӯз машин аз по.
Ай бонгу навоят тар, в-аз боди сабо хуштар,
Моро ту барӣ аз сар, то рӯз машин аз по.
Маҷлис ба ту фархунда, ишрат зи дамат зинда,
Чун шамъи фурӯзанда, то рӯз машин аз по.
Ин чарху замин хайма, кас дид чунин хайма?
Ай устуни ин хайма, то рӯз машин аз по.
Ин қавм паранд аз ту, бо карру фаранд аз ту,
Зеру забаранд аз ту, то рӯз машин аз по.
Дар баҳр чу киштибон он пил ҳамеҷунбон,
То манзили Обоқон то рӯз машин аз по.
Ай хушнафаси нойӣ, бас нодира барнойӣ,
Чун бо ҳама барн-ойӣ, то рӯз машин аз по.
Даф аз кафи даст ояд, най аз дами маст ояд,
Бо най ҳама паст ояд, то рӯз машин аз по.
Чун ҷон хамушем, аммо кай хусбад ҷон, ҷоно,
Ту бош забони мо, то рӯз машин аз по.

Биё, ай ҷони нав дода ҷаҳонро,
Бибар аз кор ақли кордонро.
Чу тирам, то напарронӣ, напаррам,
Биё, бори дигар пур кун камонро.
Зи ишқат боз ташт аз бом афтод,
Фирист аз бом боз он нардбонро.
Маро гӯянд: «Бомаш аз чӣ сӯй аст?»
– Аз он сӯйе, ки оварданд ҷонро.
Аз он сӯйе, ки ҳар шаб ҷон равон аст,
Ба савқат субҳ боз орад равонро.
Аз он сӯ, ки баҳор ояд заминро,
Чароғи нав диҳад субҳ осмонро.
Аз он сӯ, ки асое аждаҳо шуд,
Ба дӯзах бурд ӯ фиръавниёнро.
Аз он сӯ, ки туро ин ҷустуҷӯ хост,
Нишон худ ӯст, меҷӯяд нишонро.

пешина
аз 71
навбатӣ