Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ҒазалАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Чу ишқи ӯ диҳад ташриф як лаҳза диёреро.
Худовандо, зиҳӣ нуре, латофатбахши ҳар ҳуре,
Ки оби зиндагӣ созад зи рӯйи лутф нореро.
Чу лутфашро бияфшорад, ҳазорон навбаҳор орад,
Чӣ нуқсон, гар зи ғайрат ӯ занад барҳам баҳореро!
Ҷамолаш офтоб омад, ҷаҳон ӯро ниқоб омад,
Валекин нақш кай бинад ба ҷуз нақшу нигореро?!
Ҷамоли гул гувоҳ омад, ки бахшишҳо зи шоҳ омад,
Агарчи гул бинашносад ҳавои созвореро!
Агар гулро хабар будӣ, ҳамеша сурху тар будӣ,
Азеро офате н-ояд ҳаёти ҳушёреро.
Ба даст овар нигоре ту, к-аз ин даст аст кори ту,
Чаро бояд супурдан ҷон нигори ҷонсупореро?!
Зи Шамсиддини Табрезӣ манам қосид ба хунрезӣ,
Ки ишқе ҳаст дар дастам, ки монад Зулфиқореро!

Расид он шаҳ, расид он шаҳ, биёроед айвонро,
Фурӯ барред соъидҳо барои хуби Канъонро!
Чу омад ҷони ҷони ҷон, нашояд бурд номи ҷон,
Ба пешаш ҷон чӣ кор ояд, магар аз баҳри қурбонро!
Будам бе ишқ гумроҳе, даромад ишқ ногоҳе,
Будам кӯҳе, шудам коҳе барои асби султонро!
Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,
Чу ҷон бо тан, валекин тан набошад ҳеч мар ҷонро.
Ҳало, ёрон, ки бахт омад, гаҳи эсори рахт омад,
Сулаймоне ба тахт омад барои азли шайтонро!
Биҷаҳ аз ҷо, чӣ меёбӣ, чаро бедасту бепойӣ?
Намедонӣ, зи ҳудҳуд ҷӯ раҳи қасри Сулаймонро?!
Бикун он ҷо муноҷотат, бигӯ асрору ҳоҷотат,
Сулаймон худ ҳамедонад забони ҷумла мурғонро!
Сухан бод аст, ай банда, кунад дилро пароканда,
Валекин ӯ-ш фармояд, ки гирд овар парешонро!

Гар з-он ки наӣ толиб, ҷӯянда шавӣ бо мо,
В-ар з-он ки наӣ мутриб, гӯянда шавӣ бо мо!
Гар з-он ки ту Қорунӣ, дар ишқ шавӣ муфлис,
В-ар з-он ки Худовандӣ, ҳам банда шавӣ бо мо!
Як шамъ аз ин маҷлис сад шамъ бигиронад,
Гар мурдаӣ в-ар зинда, ҳам зинда шавӣ бо мо!
Поҳои ту бикшояд, равшан ба ту бинмояд,
То ту ҳама тан чун гул дар ханда шавӣ бо мо!
Дар жанда даро як дам, то зиндадилон бинӣ,
Атлас бадар андозӣ, дар жанда шавӣ бо мо!
Чун дона шуд афканда, баррусту дарахте шуд,
Ин рамз чу дарёбӣ, афканда шавӣ бо мо.
Шамсулҳақи Табрезӣ бо ғунчаи дил гӯяд:
«Чун боз шавад чашмат, бинанда шавӣ бо мо».

Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо!
Мулке, ки парешон шуд, аз шумии шайтон шуд.
Боз они Сулаймон шуд, то бод, чунин бодо!
Ҳам бода ҷудо х(в)ардӣ, ҳам айш ҷудо кардӣ,
Нак, сардиҳи меҳмон шуд, то бод, чунин бодо!
З-он талъати шоҳона, з-он машъалаи хона
Ҳар гӯша чу майдон шуд, то бод, чунин бодо!
З-он чашми дурӯғинаш, з-он шеваи ширинаш
Олам шакаристон шуд, то бод, чунин бодо!
Шаб рафту сабӯҳ омад, ғам рафту футӯҳ омад,
Хуршед дурахшон шуд, то бод, чунин бодо!
Аз давлати маҳзунон в-аз ҳиммати маҷнунон,
Он силсила ҷунбон шуд, то бод, чунин бодо!
Ид омаду ид омад, ёре, ки рамид, омад,
Идона фаровон шуд, то бод, чунин бодо!
Ай мутриби соҳибдил, дар зер макун манзил,
К-он Зуҳра ба мизон шуд, то бод, чунин бодо!
Дарвеш Фаридун шуд, ҳамкисаи Қорун шуд,

пешина
аз 71
навбатӣ