Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

В-ар раҳи дар баста бувад, аз раҳи девор биё!
Ай нафаси Нӯҳ, биё, в-ай ҳаваси рӯҳ, биё,
Марҳами маҷрӯҳ, биё, сиҳҳати бемор, биё!
Ай маҳи афрӯхтару, оби равон дар дили ҷӯ,
Шодии ушшоқ биҷӯ, кӯрии ағёр, биё!
Бас бувад, ай нотиқи ҷон, чанд аз ин гуфт забон,
Чанд занӣ табли баён, бе даму гуфтор биё!

Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро,
Ёр туйӣ, ғор туйӣ, хоҷа, нигаҳдор маро!
Нӯҳ туйӣ, рӯҳ туйӣ, фотиҳу мафтӯҳ туйӣ,
Синаи машрӯҳ туйӣ бар дари асрор маро!
Нур туйӣ, сур туйӣ, давлати Мансур туйӣ,
Мурғи кӯҳи Тур туйӣ, хаста ба минқор маро!
Қатра туйӣ, баҳр туйӣ, лутф туйӣ, қаҳр туйӣ,
Қанд туйӣ, заҳр туйӣ, беш маёзор маро!
Ҳуҷраи Хуршед туйӣ, хонаи Ноҳид туйӣ,
Равзаи уммед туйӣ, роҳ деҳ, ай ёр, маро!
Рӯз туйӣ, рӯза туйӣ, ҳосили дарюза туйӣ,
Об туйӣ, кӯза туйӣ, об диҳ ин бор маро!
Дона туйӣ, дом туйӣ, бода туйӣ, ҷом туйӣ,
Пухта туйӣ, хом туйӣ, хом бимагзор маро!
Ин тан агар кам танаде, роҳи дилам кам занаде,
Роҳ шудӣ, то набудӣ ин ҳама гуфтор маро!

Дӣ бинавохт ёри ман бандаи ғамрасидаро,
Дод зи хеш чошнӣ ҷони ситамчашидаро!
Ҳуш фузуд ҳушро, ҳалқа намуд гӯшро,
Ҷӯш намуд нӯшро, нур фузуд дидаро!
Гуфт, ки ай низори ман, хаставу тарсгори ман,
Ман нафурӯшам аз карам бандаи худхаридаро!
Бин, ки чӣ дод мекунад, бин, чӣ кушод мекунад!
Юсуфи ёд мекунад ошиқи кафбуридаро!
Дошт маро чу ҷони х(в)ад, рафт зи ман гумони бад,
Бар китифам ниҳод ӯ хилъати наврасидаро!

Оҷизу бекасам мабин, ашки чу атласам мабин,
Дар тани ман кашида бин атласи заркашидаро!
Ҳар кӣ бувад дар ин талаб, бас аҷаб асту булъаҷаб,
Сад тараб аст дар тараб ҷони зи худ раҳидаро!
Чошнии ҷунуни ӯ хуштар, ё фусуни ӯ,
Чунки нуҳуфталаб газад хастаи ғамгазидаро.
Ваъда диҳад ба ёри худ, гул диҳад аз канори худ,
Пур кунад аз хумори худ дидаи хунчакидаро!
Куҳли назар дар ӯ ниҳад, дасти карам бар ӯ занад,
Сина бисӯзад аз ҳасад ин фалаки хамидаро!
Ҷоми майи аласти худ хеш диҳад ба масти худ,
Табл занад ба дасти худ бози дили паридаро!
Баҳри Худойро, хамуш, хӯйи сукутро макуш,
Чунки асида* мерасад кӯтаҳ кун қасидаро!
Муфтаъилун, муфтаъилун, муфтаъилун, муфтаъилун,
Дар макушову кам намо гулшани наврасидаро!

  • Асида – як навъи ҳалво

Бо ту ҳаёту зиндагӣ, бе ту фанову мурдано,
З-он ки ту офтобию бе ту бувад фасурдано!
Халқ бар ин бисотҳо бар кафи ту чу муҳрае,
Ҳам зи ту моҳ гаштано, ҳам зи ту муҳра бурдано!
Гуфт: «Дамам чӣ медиҳӣ? Дам ба ту ман супурдаам,
Ман зи ту бехабар наям дар дами дам супурдано!».
Пеш ба саҷда мешудам паст хамида чун шутур
Хандазанон кушод лаб, гуфт: «Дарозгардано!
Бин, ки чӣ хоҳӣ кардано, бин, ки чӣ хоҳӣ кардано,
Гардан дароз кардаӣ, пунба бихоҳӣ х(в)ардано!».

Мусалмонон, мусалмонон, чӣ бояд гуфт ёреро,
Ки сад фирдавс месозад ҷамолаш ним хореро?!
Маконҳо бемакон гардад, замонҳо ҷумла кон гардад,

пешина
аз 71
навбатӣ