Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Ай аз варои пардаҳо тоби ту тобистони мо,
Моро чу тобистон бибар дилгарм то бустони мо!
Ай чашми ҷонро тӯтиё, охир, куҷо рафтӣ? Биё,
То оби раҳмат барзанад аз саҳни оташдони мо!
То сабза гардад шӯрҳо, то равза гардад гӯрҳо,
Ангур гардад ғӯраҳо, то пухта гардад нони мо!
Ай офтоби ҷону дил, ай офтоб аз ту хиҷил,
Охир, бибин, к-ин обу гил чун баст гирди ҷони мо!
Шуд хорҳо гулзорҳо аз ишқи рӯят борҳо,
То сад ҳазор иқрорҳо афканд дар имони мо!
Ай сурати ишқи абад, хуш рӯ намудӣ дар ҷасад,
То раҳ барӣ сӯйи аҳад ҷонро аз ин зиндони мо!
Дар дуди ғам бикшо тараб, рӯзе намо аз айни шаб,
Рӯзе ғарибу булъаҷаб, ай субҳи нурафшони мо!
Гавҳар кунӣ хармуҳраро, заҳра бидаррӣ Зуҳраро,
Султон кунӣ бебаҳраро, шо бош, ай султони мо!
Ку дидаҳо дарх(в)арди ту то даррасад дар гарди ту,
Ку гӯши ҳушоварди ту, то бишнавад бурҳони мо?!
Чун дил шавад эҳсоншумар дар шукри он шохи шакар,
Наъра барорад чошнӣ аз бехи ҳар дандони мо!
Омад зи ҷон бонги дуҳул, то ҷузвҳо ояд ба кул,
Райҳон ба райҳон, гул ба гул, аз ҳабси хористони мо!

Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо,
Чун ашки ғамхорони мо дар ҳаҷри дилдорони мо!
Ай чашми абр, ин ашкҳо мерез ҳамчун машкҳо,
Зеро ки дорӣ рашкҳо бар моҳрухсорони мо!
Ин абрро гирён нигар в-он боғро хандон нигар,
К-аз лобаву гиряй падар растанд беморони мо.
Абри гарон чун дод Ҳақ аз баҳри лабхушкони мо,
Ратли гарон ҳам Ҳақ диҳад баҳри сабуксорони мо!
Бар хоку дашти бенаво гавҳарфишон кард осмон,
З-ин бенавойӣ мекашанд аз ишқ тарророни мо!
Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман,
Бишкуфта рӯйи Юсуфон аз ашкафшорони мо!
Як қатрааш гавҳар шавад, як қатрааш абҳар шавад
В-аз молу неъмат пур шавад кафҳои кафхорони мо!
Боғу гулистони малӣ ишкуфа мекарданд дӣ,
Зеро ки барриқ аз пагаҳ хӯрданд хамморони мо.
Барбанд лаб ҳамчун садаф, мастӣ, маё дар пеши саф,
То боз оянд ин тараф аз ғайб ҳушёрони мо!

Хоҷа, биё, хоҷа, биё, хоҷа, дигар бор биё,
Дафъ мадеҳ, дафъ мадеҳ, ай маҳи айёр, биё!
Ошиқи маҳҷур нигар, олами пуршӯр нигар,
Ташнаи махмур нигар, ай шаҳи хаммор, биё!
Пой туйӣ, даст туйӣ, ҳастии ҳар ҳаст туйӣ,
Булбули сармаст туйӣ, ҷониби гулзор биё!
Гӯш туйӣ, дида туйӣ в-аз ҳама бигзида туйӣ,
Юсуфи дуздида туйӣ, бар сари бозор биё!
Ай зи назар гашта ниҳон, ай ҳамаро ҷону ҷаҳон,
Бори дигар рақскунон бедилу дастор биё!
Равшании рӯз туйӣ, шодии ғамсӯз туйӣ,
Моҳи шабафрӯз туйӣ, абри шакарбор, биё!
Ай алами олами нав, пеши ту ҳар ақл гарав,
Гоҳ маё, гоҳ марав, хез, ба якбор биё!
Ай дили оғушта ба хун, чанд бувад шӯру ҷунун,
Пухта шуд ангур кунун, ғӯра маяфшор, биё!
Ай шаби ошуфта, бирав, в-ай ғами ногуфта бирав,
Ай хиради хуфта, бирав, давлати бедор, биё!
Ай дили овора, биё, в-ай ҷигари пора, биё,

пешина
аз 71
навбатӣ