Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

панду ҳикматҳои зоҳиран орому «хоболуд»-у ботинан туғёниву тӯфонии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ – яке аз номбардортарин зодагони модари бузургофарини тоҷик ва фурӯзонфартарин андешамандони осмони фазлу хиради миллати ориёнажодамон имрӯз ҳам, баъди садсолаҳои мутамодӣ, моро бедору ҳушёр ва устувору барқарор нигаҳ медоранд, ба сулҳу ваҳдату озодӣ, камолоту тараққиёт ва худшиносиву Худошиносӣ ҳидоятамон мекунанд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад!

Оре, беш аз 800 сол муқаддам орифи донову шоъири тавоно оқилонаву дурбинона мо – ворисони бахтёру сипосгузорашро ҳушдор дода буд, ки то абад ҳалқаи гӯшу зевари ҳуши худ дошта бояд бошем: «Ҳар миллате, ки бедор нест ва ё дар роҳи худшиносӣ фориғболиву ҷоҳилиро пеша мекунад, аз бузургтарин неъмати яздонӣ – Истиқлолу Ваҳдат, ки асоси пойдорию пирӯзиҳо дар пешрафти ҳар гуна ҷомиъа мебошанд, бенасиб мемонад» (Эмомалӣ Раҳмон).
Асрори Раҳмонфар

МУНТАХАБИ ҒАЗАЛИЁТ

Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро,
Бохеш кун бехешро, чизе бидеҳ дарвешро!
Ташриф деҳ ушшоқро, пурнур кун офоқро,
Бар заҳр зан тарёқро, чизе бидеҳ дарвешро!
Бо рӯйи ҳамчун моҳи худ, бо лутфи мискинхоҳи худ,
Моро ту кун ҳамроҳи худ, чизе бидеҳ дарвешро!
Чун ҷилваи маҳ мекунӣ в-аз ишқ огаҳ мекунӣ,
Бо мо чӣ ҳамраҳ мекунӣ? Чизе бидеҳ дарвешро!
Дарвешро чӣ б-вад нишон? Ҷону забони дурфишон,
На далқи садпора кашон! Чизе бидеҳ дарвешро!
Ҳам Одаму он дам туйӣ, ҳам Исию Марям туйӣ,
Ҳам розу ҳам маҳрам туйӣ, чизе бидеҳ дарвешро!
Талх аз ту ширин мешавад, куфр аз ту чун дин мешавад,
Хор аз ту насрин мешавад, чизе бидеҳ дарвешро!
Ҷони ману ҷонони ман, куфри ману имони ман,
Султони султонони ман, чизе бидеҳ дарвешро!
Ай танпарасти булҳазан, дар тан мапечу ҷон макан,
Мангар ба тан, бингар ба ман, чизе бидеҳ дарвешро!
Имрӯз, ай шамъ, он кунам, бар нури ту ҷавлон кунам,
Бар ишқ ҷон афшон кунам, чизе бидеҳ дарвешро!
Имрӯз гӯям чун кунам – як пора дилро хун кунам,
В-ин корро яксун кунам, чизе бидеҳ дарвешро!
Ту айби моро кистӣ? Ту мор ё моҳистӣ?
Худро, бигӯ, ту чистӣ?! Чизе бидеҳ дарвешро!
Ҷонро дарафкан дар адам, зеро нашояд, ай санам,
Ту муҳташам, ӯ муҳташам, чизе бидеҳ дарвешро!

пешина
аз 71
навбатӣ