Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
изофӣ» ба кор андохта шудааст, ки «10 000-и он ихтироъкардаи андешаву замири Мавлоност».
Бояд афзуд, ки ғазалиёти «Девони Кабир» аз лиҳози ғановати қофияву радифбандӣ ва корбасти дигар аносири миъмории сухан ҳам ҷолибу мумтозанд ва чунин аҳволу осори навоваронаву қолабшиканонаро дар ашъори ягон шоъири дигари пешину пасини форсигӯ наметавон мулоқӣ гардид: ӯ дар як ғазал гоҳо калимаи қофияро чанд маротиба тағйир дода, ҳамон радифро боқӣ мегузорад; аксари радифоташ такрору дарозу нодиранд; саҷъи дохилиро фаровон истифода мебарад; дар охири абёташ баъзе калимоти бемаъниро, монанди «тан-тан», «лам – лам», «қум – қум», «лаб – лаб» ва ғайра…, радифвор пайиҳам мечинад, ки халқияту оммавияту мусиқавияти суханонашро қавитар мегардонанд:
Дили ман, дили ман, дили ман бари ту,
Рухи ту, рухи ту, рухи бофари ту!
Ва ё:
Боз омадам, боз омадам, ҳазо ҷунун-ал-ъошиқин,
Бо сӯзу бо соз омадам, ҳазо ҷунун-ал-ъошиқин!
Ва ё:
Ҳилат раҳо кун, ошиқо, девона шав, девона шав,
В-андар дили оташ даро, девона шав, девона шав!
Дар ҳақиқат, ашъори ғинойии Мавлоно, ки сокину вассофи беназири Шаҳри Бузурги Ишқ аст, битамом андар қолаби адвори мухталифи мусиқӣ рехта шуда, бар муроди шоъири мутарғиби ғояҳои баланди инсондӯстӣ хидмат кардаанд. Аммо мусиқавияту хушоҳангии ашъори Мавлоно дар нисбати офаридаҳои салису нафиси дигар устодони сухани форсии тоҷикӣ фарқи боризе дорад. Фарқият дар он аст, ки зеру бами мусиқӣ дар осори манзуми Мавлоно бори гарони фалсафӣ – тасаввуфиро бар дӯш доранд ва навойи ҷони орифи пурисёни дилсӯзон мебошанд:
Дар ғайб ҳаст ъуде,
К-ин ишқ аз ӯст дуде!
Чунон ки донишманди бузурги Мавлавиву Маснавишинос профессор Реналд Алан Николсон дар ин бора менависад, «сӯфиёнро ақида бар он аст, ки пайвастагии таъсири рӯҳонии мусиқӣ бо рӯҳ амре азалисту ба ҳангоми истимоъ онҳо (сӯфиён – А.Р.) бори дигар овойи Ҳақро мешунаванд, ки ҷумлагӣ арвоҳи башарӣ дар абадийят бад-он ово посух медоданд (Қуръони Карим, сӯраи 7, ояти 172)-у ба ҳамин тариқ бо сурудаҳои сипоҳи осмонӣ ҳамовоз гаштанд».
Ҳамчунин, сазовори таъкид аст, ки Мавлоно дар ҷараёни гуфтани ҳам «Маснавӣ»-ву ҳам «Девони Кабир» хусусиёту мушаххасоти тамоми сабку равиши адабии ройиҷи то замони худу баъди онро, монанди сабки Рӯдакӣ, Хуросонӣ, ироқӣ, ҳиндӣ, Бедилӣ, бозгашт ва ғайра, мутаҷассим доштааст, ки далели дигари вусъати нопайдоканори андешаву қудрати нотакрори суханварии бузургустоди олами маъниофаринӣ буда ҳамагон ба гунаи падидаи нодиру беназири адабӣ эътирофаш кардаанд.
Ҳамин тариқ, «Девони Шамс» дарёест; оромиши он зебову ҳаяҷони он фитнаангез аст; мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз каф, пур аз бод аст. Мисли дарё ҷилвагоҳи рангҳои бадеъи гуногун аст: сабз аст, обист, бунафш аст, нилуфарист. Мисли дарё ойинаи осмону ситорагону маҳалли таҷаллии ашаъаи Миҳру Моҳу Офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракату ҳаёт лабрез асту дар зери зоҳири сайқаливу ором дунёе пур аз тапишу пур аз талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад.
«Девони Шамс» девони шеър нест, ғавғойи як дарёйи муталотими тӯфонист.
«Девони Шамс» инъикоси як рӯҳи ғайриорому пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазаба аст.
Нахустин хусусияте, ки аз ғазалиёти Ҷалолуддин ба чашм мехураду ӯро аз сойири шуъаро мумтоз мекунад, ин аст, ки ӯ намехоҳад шеър бигӯяд: мехоҳад иҳсосоти гунгу мубҳами худро бигӯяд. Ӯ «гунги хобдидаест»-у мехоҳад барои карҳо хоби худро бигӯяд. Ӯ дар уқёнусе даступо мезанаду ин даступозадан ба сурати калимоти мавзуну хушоҳанг дармеояд» (Алии Даштӣ).
Оре, шеъру таронаҳои дарёйӣ, фикру андешаҳои уқёнусӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор