Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

XVIII

  1. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки хушбахтиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард.
  2. Дориюшшоҳ мегӯяд:«Аҳурамаздо, бо Худоён, маро бипояд ва хонаам ва туро, ки пас аз ин шоҳ хоҳӣ буд»10.
    XIX
  3. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, {...} ҳахоманишӣ».
  4. Дориюшшоҳ мегӯяд: «{...} ки кунод ва {...} ва ҳар он чи ман аз (корҳои) хуб кардам, ӯ бовар нахоҳад кард {...}, ман гирифтам, гуфта шуд».
    XX
  5. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи сарзаминҳо, шоҳи замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
  6. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Инҳо сарзаминҳое ҳастанд, ки дар онҳо мардумон зиндагӣ мекунанд, эшон ба ман хироҷ
    медоданд {...} Аҳурамаздо онҳоро ба ман дод {...} Мод {...}, Кападукия {...}, Ошур {...}, Ҳинд {...}, Хоразм {...}; бо ёрии Аҳурамаздо, {...} онҳо аз ман пайравӣ мекунанд {...}».
    XXI
    {...} он чӣ Аҳурамаздо фармон дод {...}, ин {...} ман на {...} дар баробари ман душвор набуд ва он чӣ кардам {...} ва ин, бошад, ки Аҳурамаздо онро бипояд.
    XXII
  7. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
  8. Ва Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо, бузургтарини Худоён, маро офарид, ин шаҳриёриро барои ман сохт, ин шаҳриёриро ба ман дод, бузург, зебо бо мардон ва бо асбон».
  9. Ва ба хости Аҳурамаздо, падарам Виштоспа ва Аршомаи падарбузургам ҳар ду зинда будаанд, ҳангоме ки Аҳурамаздо маро рӯи замин шоҳ кард.
  10. Аҳурамаздо чунин хост: Дар тамоми густураи ин замин, ӯ маро ҳамчун мард баргузид, ӯ маро рӯи ин замин шоҳ кард.
  11. Ман ин фидияро ба Аҳурамаздо додам; Аҳурамаздо ёрияшро ба ман дод; он чӣ ман мехостам бикунам, маро дар он кор комёб гардонд; он чӣ ман кардам, ба хости Аҳурамаздо онро кардам.
  12. Кохе, ки ман дар Шуш сохтам: Аз дурдаст маводаш оварда шуданд; ва дар умқи замин канда шуд, то ҷое, ки ба санг бирасад; вақте ки комилан канда шуд, рӯи шан пояҳояш сохта шуданд, бист арш; рӯи ин шан кох сохта шуд.
  13. Ин кор, ки замин то умқ бардошта шавад, ва ин ки рӯи шифтаи пояҳо сохта шаванд ва ин ки оҷирҳо қолибрезӣ шаванд: мардумони Бобул ин корро карданд.
  14. Ва чӯби садр аз кӯҳе ба номи Лубнон оварда шуд; мардумони Ошур онро то Бобул оварданд; ва аз Бобул кориҳо ва юнониён то Шуш оварданд ва чӯби якто аз Гандора ва Кирмон оварда шуд.
  15. Ва тило аз Лидия ва Бохтар (Балх) оварда шуд, он дар ин ҷо кор гузошта шуд; ва санги лоҷувард ва ақиқ, ки дар ин ҷо кор гузошта шуданд, аз Сугдиёна оварда шуданд; фирӯзае, ки аз Хоразм оварда шуд, дар ин ҷо кор гузошта шуд.
  16. Ва нуқраву обнус аз Миср оварда шуданд; тазйиноте, ки бо он деворҳо тазйин шудаанд; аз Эйвания оварда шуд; ва оҷе, ки дар ин ҷо кор гузошта шуд, аз Ҳабаша, Ҳинд ва Арахузиё (Рухаҷ) оварда шуд.
пешина
аз 314
навбатӣ