Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Ва сутунҳои сангӣ, ки дар ин ҷо кор гузошта шуданд, аз рустое ба номи Обероду, дар Элом, оварда шуданд; тарошкороне, ки сангро кор гузоштанд, аз юнониён ва лидияиҳо буданд.
  2. Ва заргароне, ки заргарӣ карданд аз модҳо ва аз мисриҳо будаанд; ва мардоне, ки чӯб кор карданд аз лидияиҳо ва мисриён будаанд; ва мардоне, ки хишт заданд аз бобулиҳо буданд; мардоне, ки деворҳоро тазйин карданд, аз модҳо ва мисриён будаанд».
  3. Ва Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, дар Шуш бисёре аз корҳои зебо карда шуд; Аҳурамаздо ман ва мардумро бипояд».
    XXIII
  4. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи сарзаминҳо, шоҳи замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
  5. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Бо ёрии Аҳурамаздо, ин кох, ки дар ин ҷо сохта шуд, манам, ки онро сохтам; дар маҳалли сохтмони ин кох пояҳояш канда шуданд, то он ки ба бахши сахти замин бирасам ва пояҳо аз шан пур шуданд, бист арш; рӯи шан пояҳои кох гузошта шуданд.
  6. Инҳо маводе ҳастанд, ки барои ин кох ба кор рафтаанд: Тило, нуқра, санги лоҷувард, фирӯза, ақиқ, чӯби садр, чӯби макан [makan], обнус, оҷ ва тазйиноти нақши барҷастаҳо; ҳама сутунҳо аз санг ҳастанд.
  7. Инҳо сарзаминҳое ҳастанд, ки маводи тазйиноти ин кох аз он ҷо оварда шуданд: Порс, Элом, Мод, Бобул, Ошур, Арабистон, Миср, сарзаминҳои дарё11, Лидия, Юнон, Урарту12, Кападукия, Порт, Дарангияна (Заранг), Ориё (Ҳирот), Хоразм, Бохтар (Балх), Суғдиёна, Гандора, Кимрӣ13, Стагедӣ, Арахузӣ (рухаҷӣ), Қодия14».
  8. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Бо ёрии Аҳурамаздо, маводи тазйиноти ин кох аз дурдастҳо оварда шуданд ва ман онро ба назм даровардам; ҳар он чӣ кардам, онро ба камол кардам, ба хости Аҳурамаздо; Аҳурамаздо маро бипояд, то ҳамаи (корҳоро) ба анҷом бирасонам».
    XXIV
  9. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард.
  10. Ин пайкараи сангӣ аст, ки Дориюшшоҳ фармон дод дар Миср сохта шавад; ба ҳамин далел, касе, ки баъдҳо онро бубинад, хоҳад донист, ки марди порсӣ Мисрро гирифт.
  11. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замини бузург, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
  12. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо маро ва он чиро кардам, бипояд».
    КАТИБАҲОИ СУИЗ1
    I
    Дориюш, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замини бузург, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ.
    II
  13. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки он осмонро офарид, ки ин заминро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард, ки ба Дориюш ин шаҳриёриро дод, бузург, бо асбони хуб, бо мардони хуб.
пешина
аз 314
навбатӣ