Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Дар Шуш бисёре (корҳои) зебо фармон дода шуд, Аҳурамаздо маро бипояд ва падарам Виштоспа ва мардумамро».
VII - «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: Ман ин кохро бо сутунҳо сохтам».
VIII - «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи рӯи ин замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ҳангоме ки Аҳурамаздо маро бар ин замин шоҳ кард, ба хости Аҳурамаздо ман ҳамаи корҳоро ба хубӣ кардам».
IX - «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи рӯи ин замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ҳамаи он чӣ ман кардам, таври дигаре накардам: ҳамон гуна, ки хости Аҳурамаздо буд, ман ҳамон гуна кардам; Аҳурамаздо маро дӯст буд; ҳар он чӣ кардам, муваффақиятомез буд».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, ин кохеро, ки ман сохтам, ҳар касе бубинад, ба назари ӯ зебо меояд; Аҳурамаздо ман ва мардумро бипояд».
X - «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, роҳи мардумон, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо аз они ман аст; ман аз они Аҳурамаздо ҳастам; Аҳурамаздоро ситоиш кардам; Аҳурамаздо маро ёрӣ расонд».
XI
Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, ҳар он чӣ ман хостам бикунам, муваффақиятомез буд».
XII - «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо шаҳриёрии бузург бо мардоне хуб ба ман дод; ӯ маро бар ин замин шоҳ кард; ба хости Аҳурамаздо инҳо мардумоне ҳастанд порсӣ, эломӣ, бобулӣ, ошурӣ, араб, мисрӣ, лидияӣ, юнонӣ, модӣ, арманӣ, кападокияӣ, портӣ, дарангӣ (зарангӣ), ориёнӣ (ҳиравӣ), хоразмӣ, бохтарӣ (балхӣ), суғдӣ, гандораӣ, стагедӣ, арахузӣ (рухаҷӣ), ҳиндӣ, тарокиёӣ, юнониёнии оспедуфурӣ {...}».
XIII
«Дориюшшоҳ фармон дод, то ин пайкара сохта шавад {...}; бошад, ки Аҳурамаздо Дориюшшоҳ ва он чиро карда шуд, бипояд {...}, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
XIV - {...} ман кардам {...} сангфарши сангӣ як нақши барҷастаро {...}.
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, дар Шуш ман ин корро кардам, бисёре аз корҳои хуб дар баробари зиштӣ кор гузошта шуд {...}».
XV
Аҳурамаздои бузург, бузургтарини Худоён, Дориюшро шоҳ кард; ба ӯ шаҳриёрӣ дод хуб, бо аробаҳои хуб, бо асбони хуб, бо мардони хуб.
XVII
Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки рӯи ин замин кори олӣ мекунад, ки мардумро рӯи ин замин меофаринад, ки ин мардумро бо мардони хуб меофаринад, бо асбони хуб ва бо аробаҳои хуб ӯ шаҳриёриро ба ман дод, Аҳурамаздо маро ва он чиро ман кардам, бипояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор