Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, сохтмонҳои бисёре вуҷуд доштаанд, ки собиқ бар ин дар вазъияти хубе набудаанд; дар Шуш ман дидам, ки девор хароб4 шуда буд; дар он ҷо, сипас, ман девори дигаре сохтам».
  2. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо бо Худоён маро бипояд ва хонаамро ва он чи ман дар ин катиба навиштам».
    VI
  3. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  4. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
  5. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо, бузургтарини Худоён, мефармояд, ӯ маро шоҳ кард, ба ман ин шаҳриёриро дод, ки бузург, дорои асбони хуб, дорои мардони хуб аст».
  6. Ба хости Аҳурамаздо падарам Виштоспа ва Аршома падарбузургам, ҳарду зинда буданд; ҳангоме ки Аҳурамаздо маро шоҳ кард рӯи ин замин.
  7. Иродаи Аҳурамаздо ин будааст рӯи саросари замин: Ӯ маро ҳамчун мард тарҷеҳ дод (бар Виштоспа ва Аршома), ӯ маро рӯи замин шоҳ кард.
  8. Ман Аҳурамаздоро ситоиш кардам; Аҳурамаздо маро ёрӣ кард; он чӣ ман ба карданаш фармон додам, ӯ онро комёб гардонд; он чӣ ман кардам, онро ба хости Аҳурамаздо кардам.
  9. Ин кох,5 ки ман дар Шуш сохтам, маводаш аз хеле дурдаст оварда шуд; рӯ ба поин замин канда шуд, то он ҷо, ки дар замин ба санг расидам; замоне ки канда шуд, Шуш рехта шуд аз як сӯ ба 40 арш дар умқ, аз сӯи дигар ба 20 арш дар умқ;6 рӯи ин шан кох бино шуд.
  10. Ва замине, ки рӯ ба поин канда шуд ва шане, ки рехта шуд ва хиште, ки зада шуд: Мардуми Бобул ин корро карданд.
  11. Чӯби садр аз кӯҳе ба номи Лубнон оварда шуд; мардуми Ошур онро оварданд то Бобул; аз Бобул кориҳо ва юнониён онро то Шуш оварданд; чӯби яко7 аз Гандора ва Кирмон оварда шуд.
  12. Тилое, ки дар ин ҷо кор гузошта шуд аз Лидӣ ва аз Бохтар (Балх) оварда шуд аз Суғдиёна оварда шуд; фирӯзае, ки дар ин ҷо кор гузошта шуд, аз Хоразм оварда шуд.
  13. Нуқра ва обнус8 аз Миср оварда шуд; тазйиноте, ки бо он деворҳо тазйин шудаанд; аз Эйванӣ оварда шуд; оҷе, ки дар ин ҷо кор гузошта шуд, аз Ҳабаша, Ҳинд ва Арахузӣ (Рухаҷ) оварда шуд.
  14. Сутунҳои сангӣ, ки дар ин ҷо кор гузошта шуданд, аз рустое ба номи Абероду9 дар Элом оварда шудаанд; тарошкороне, ки сангро тарош доданд, аз юнониён ва лидияиҳо буданд.
  15. Заргароне, ки заргарӣ карданд, аз модҳо ва аз мисриён будаанд; мардоне, ки чӯб кор карданд, аз лидияиҳо ва аз мисриён будаанд; мардоне, ки хишт заданд, аз бобулиён будаанд; мардоне, ки деворро тазйин кардаанд, аз модҳо ва мисриён будаанд».
пешина
аз 314
навбатӣ