Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан- Ва Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо, бо тамоми Худоён, маро бипояд, ва ин кохро ва низ, он чӣ рӯи ин суфа гирд оварда шудааст; он чӣ инсоне хоин меандешад, рух надиҳод!».
VII - Аҳурамаздои бузург, ки аз ҳамаи Худоён бузургтарин аст; ки осмон ва заминро офарид; ки мардумонро офарид; ки ба инсонҳои зинда, ки бар рӯи он ҳастанд, комёбӣ дод; ки Дориюшро шоҳ кард ва шаҳриёрӣ ба Дориюшшоҳ дод рун ин замини васеъ, ки дар он кишварҳои бисёре ҳаст: Порс, Мод ва дигар сарзаминҳо бо забонҳое дигар, бо кӯҳҳо ва даштҳо аз ин сӯи дарё ва аз он сӯи дарё,5 аз ин сӯи саҳро ва аз он сӯи саҳро.
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Бо ёрии Аҳурамаздо, инҳо кишварҳое ҳастанд, ки чунин карданд, ки дар ин ҷо гирди ҳам омаданд:6 Порс, Мод ва дигар кишварҳо, бо забонҳое дигар, бо кӯҳҳо ва даштҳо, аз ин суи дарё ва аз он сӯи дарё, ҳамон гуна, ки ман бад-эшон дар ин маврид фармон дода будам; ҳар он чӣ ман кардам, бо ёрии Аҳурамаздо кардам; Аҳурамаздо бо тамоми Худоён маро бипояд ман ва он чиро ман дӯст дорам».
КАТИБАҲОИ ШУШ1
I - Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо ман ин корро кардам, ман ба назари ҳамагон олӣ меоям».
II
«Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи саросари замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
III
«Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, писари Виштоспа».
IV - «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо ман ин тачараро2 сохтам».
V - Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз миёни мардумони бисёр.
- Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон аз тамоми таборҳо, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ, Порс, писари порсӣ, ориёӣ, аз табори ориёӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, инҳо мардумоне ҳастанд, ки ман берун аз Порс гирифтам; ман бар онҳо фармон мерондам; онҳо барои ман хироҷ меоварданд; он чӣ аз ҷониби ман бад-эшон гуфта шуда буд, онҳо онро карданд; қонуни ман онҳоро нигоҳ медошт: модӣ, эломӣ, портӣ, ориёнӣ (ҳиравӣ), бохтарӣ (балхӣ), суғдӣ, хоразмӣ, дарангӣ (зарангӣ), арахузӣ (рухаҷӣ), стагедӣ, макӣ, гандораӣ, ҳиндӣ, сакоии тагирахуда (тезхуд), бобулӣ, ошурӣ, араб, миерӣ, арманӣ, кападокияӣ, лидиёӣ, юнониёне, ки дар дарё ҳастанд, сакоиёни он сӯи дарё, тарокиёӣ, юнониёни он суи дарё, кориҳо».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Бадиҳои бисёре карда буданд,3 ман хубӣ кардам; мардумоне ки шӯришӣ шуда буданд, бо якдигар меҷангиданд; коре кардам ба хости Аҳурамаздо, ки дигар бо ҳам наҷанганд, ҳар кадом комилан дар ҷои худ аст; қонуни ман, онҳо аз он метарсанд, ба гунае ки тавоно нотавонро дигар намезанад, дигар бо ӯ бадрафторӣ намекунад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор