Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданV14
- Ин як порсӣ аст. 2. Ин як модӣ аст.
- Ин як эломӣ аст. 4. Ин як портӣ аст. 5. Ин як ориёнӣ (ҳиравӣ) аст. 6. Ин як бохтарӣ (балхӣ) аст. 7. Ин як суғдӣ аст. 8. Ин як хоразмӣ аст. 9. Ин як дарангӣ (зарангӣ) аст. 10. Ин як арахузӣ (рухаҷӣ) аст. 11. Ин як стагедӣ аст. 12. Ин як гандораӣ аст. 13. Ин як ҳиндӣ аст. 14. Ин як сакоӣ аст. 15. Ин як сакоии тезхуд аст. 16. Ин як бобулӣ аст. 17. Ин як ошурӣ аст. 18. Ин як араб аст. 19. Ин як мисрӣ аст. 20. Ин як арманӣ аст. 21. Ин як кападокияӣ аст. 22. Ин як лидияӣ аст. 23. Ин як юнонӣ аст. 24. Ин як сакоии он сӯи дарё аст. 25. Ин як тарокиёӣ аст. 26. Ин як юнонии оспедуфурӣ аст. 27. Ин як атюпиёӣ (ҳабашӣ) аст. 28. Ин як либиёӣ аст. 29. Ин як макӣ аст. 30. Ин як корӣ аст.
КАТИБАҲОИ ТАХТИ ҶАМШЕД1
I
Дориюш, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ, ки ин тачраро сохт.
II
Дориюш шоҳи бузург аст, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ.
III
Панҷараи сангин сохташуда дар хонаи Дориюш.
IV - Аҳурамаздо бузург аст, бузургтарини Худоён; ӯ Дориюшро шоҳ кард; шаҳриёриро ба ӯ дод; ба хости Аҳурамаздо, Дориюш шоҳ аст.
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ин мардум, Порс, ки Аҳурамаздо ба ман дод, бисёр хуб, бо асбони хуб,2 бо мардони хуб, ба хости Аҳурамаздо, ба хости ман,3 Дориюшшоҳ, аз ҳеҷ дигаре наметарсад».4
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо бо тамоми Худоён маро бипояд, ва Аҳурамаздо ин мардумро бипояд, аз сипоҳи душман, аз гуруснагӣ ва аз дурӯғ; бар ин мардум сипоҳи душман, қаҳтӣ ва дурӯғ, чира нашавад; ин ҳамон чизе аст, ки ҳамчун мавҳибате аз Аҳурамаздо бо тамоми Худоён, мехоҳам; Аҳурамаздо бо тамоми Худоён, инро ҳамчун мавҳибате ба ман диҳод».
V - «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумони бисёр, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо инҳо мардумоне ҳастанд, ки ман бо ин сипоҳи Порс гирифтам, онҳое, ки аз ман метарсиданд, ба ман хироҷ медоданд: эломӣ, модӣ, бобулӣ, араб, ошурӣ, мисриҳо, арманӣ, кападокияӣ, лидияӣ, юнониёне, ки рӯи замин ҳастанд ва онҳое, ки бар дарё ҳастанд ва ақвоме, ки он сӯи дарё ҳастанд, асагартӣ, порт, дарангӣ (зарангӣ), ориёӣ (ҳаравӣ), бохтарӣ (балхӣ), суғдӣ, хоразмӣ, стагедӣ, арахузӣ (рухаҷӣ), ҳиндӣ, гандораӣ, сакоӣ ва макӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Агар ту чунин меандешӣ: «ман намехоҳам аз дигаре битарсам», ин сипоҳи Порсро ҳимоят кун, агар сипоҳи Порс ҳимоят шавад, то муддатҳо шодии заволнопазир бар ин хона фуруд хоҳад омад».
VI - «Ман Дориюшшоҳ ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ ».
- Ва Дориюшшоҳ мегӯяд: «Рӯи ин суфа, он ҷое, ки ин кох сохта шуд, дар он ҷо, ҳеҷ кохе сохта нашуда буд; ба хости Аҳурамаздо, ман худ ин кохро сохтам; ва Аҳурамаздо, бо тамоми Худоён, чунин хост, ки ин кох сохта шавад; ва ман худ онро сохтам; он гоҳ, кохи устувор ва бошукӯҳ сохта шуд, дақиқан ҳамон гуна, ки ман фармон дода будам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор