Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданII5
- Худой бузург аст, Аҳурамаздо, ки ин зебоиро, ки дида мешавад, офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки хирад ва далериро дар Дориюшшоҳ гузошт.
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, ман ин сон ҳастам, ки дӯсти ростӣ ҳастам, бо нодурустӣ дӯст нестам; хости ман он нест, ки нотавон ба хотири тавоно ба бедод тан диҳад; хости ман он нест, ки тавоно ба хотири нотавон ба бедод тан диҳад.6
- Ростӣ: Ин хости ман аст; ман дӯсти марди дурӯғгӯй нестам; ман тундхӯ нестам; он чӣ дар як мунозиа7 барои ман рух медиҳад, онро бо қувват дар андешаам пос медорам, бо қувват худро маҳор мекунам.
- Марде, ки ёрӣ мекунад, ӯро баста ба ёрияш мепоям; он ки осеб мерасонад, ӯро баста ба осебаш танбеҳ мекунам; на маро ком аст, ки марде осеб расонад; на маро ком аст, ки агар касе осебе расонад, танбеҳ нашавад.
- Он чи марде дар бораи марде мегӯяд, он маро қонеъ намекунад, то он ки гувоҳии ду танро бишнавам.
- Он чӣ як мард мекунад, ё ҳангоме ки чизеро баста, ба дороияш меоварад, ман хушнуд мешавам ва хушнудии ман бисёр аст ва розӣ ҳастам.
- Қувваи дарки ман ва идораи ман бад-ин сон ҳастанд, замоне, ки бубинӣ ё бишнавӣ, он чи ман дар кох ва дар урдугоҳи сипоҳиён кардам, ин ҳамон тасаллуте аст, ки ман дорам бар рӯҳам ва қувваи даркам.
- Ин тасаллут, ки ман дорам, ҳамон чизе аст, ки ҷисмам метавонад бикунад: дар мақоми ҷангҷӯ ҷангҷӯи хубе ҳастам, ҳамин ки қувваи даркам ҷои худро биёбад; ҳангоме ки як ёғиро мебинам, вақте ки ӯро намебинам,8 ба юмни қувваи даркам ва иродаам бар тарси худ ғалаба мекунам.
- Замоне, ки як ёғиро мебинам, монанди замоне, ки ӯро намебинам, ҳам бо дастҳо ва ҳам бо поҳо варзида ҳастам; дар мақоми саворкор, саворкори хубе ҳастам; дар мақоми камондор,9 камондори хубе ҳастам, чӣ пиёда чӣ савора; дар мақоми найзадор, найзадори хубе ҳастам, чи пиёда чи савора.
- Ин вижагиҳое аст, ки Аҳурамаздо ба ман бахшид ва ман тавонистам онҳоро ба кор гирам:10 ба хости Аҳурамаздо, он чӣ кардам, бо ин вижагиҳое, ки Аҳурамаздо ба ман бахшидааст, онро кардам.
- Эй марди ҷавон!11 Қотеона бигӯ, ту чӣ гунаӣ, чӣ вижагиҳое дорӣ, садоқати ту чӣ гуна аст; некӣ тасаввур накун, он чиро ба гӯшат мерасонанд, ҳатто ба он чи душман ба ту мегӯяд, гӯш фаро деҳ.
- Эй марди ҷавон! Он чӣ тавонманде мекунад, хуб тасаввур накун, он чи нотавоне мекунад, ҳатто ҳамонро бубин, эй марди ҷавон [...]; [...], ки аз ҳад бигзарад [...] [...] ва ба далели хушбахтӣ бедасту по набошад [...], ки комёб нашавад[...]
III
Гаубаруваи12 патисхуварӣ13 ҳамлкунандаи найзаи Дориюшшоҳ аст.
IV
Аспачанаи пешкор таркиши Дориюшшоҳро нигоҳ медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор