Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Дар поёни нома эзадон шуморо дар ҳар замон ноҷӣ бошанд, (шуморо дар) рой ва фараҳ хешкорӣ (ва) тандурустӣ ва дерзивашӣ ва нисбат ба ҳама (гуна) некӣ комёб бидоранд.
- Эй ҳаме перӯзгар, Баҳмон писари Баҳмон, эзадон он растагории бузург, бартарин иззат ва ромиш лоинтиҳоиро ба тамомӣ ба шумо бибахшанд ва (шуморо) озод, аҳлу ва перӯзгар ҳамедоранд.
- Дар поёни нома (бошад ки ) шуморо дуруд ва ромишу аҳлоӣ ҳамеафзуда шавад, (ин номаро) Баҳмон писари Баҳмон фиристод.
Фарҷом ёфт ба дуруд, буни дин, донишу гаравиш25 ва миёни (он) хираду меҳр (дӯстиву муҳаббат) ва сари (интиҳои он) комиландешӣ ва некчашмӣ аст. Ба дуруд, шодӣ, ромиш.
НАЙРАНГИ ЗАҲР БАСТАН
Ба номи Яздон Моҳи сипандормаз ва рӯзи сипандормаз ва рӯзи сипандормаз ва моҳи сипандормаз ва сипандормазмоҳи сипандормазрӯз бастам заҳр, симу зуфр (=даҳон) ҳама хурфистарон ба ном ва нерӯи Фаридун нев (ва) ёрии ситора, вананди Ҳурмузд офаридабоваригон (ки ҳамеша) раво бод, эдун бод. Ашам. Шифо бод!
КАТИБАҲО
КАТИБАҲОИ ШОҲОНИ ҲАХОМАНИШӢ*
МАШҲУРТАРИН БАХШИ МАНШУРИ КУРУШИ КАБИР1
Манам Куруш2, шоҳи ҷаҳон, шоҳи бузург, шоҳи тавонманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад, шоҳи чаҳор гӯшаи ҷаҳон. Писари Камбуҷия3, шоҳи бузург... набераи Куруш, шоҳи бузург... набераи Чишпиш4, шоҳи бузург...
Он гоҳ, ки бидуни ҷангу пайкор вориди Бобул шудам, ҳамаи мардум гомҳои маро бо шодмонӣ пазируфтанд. Дар боргоҳи подшоҳони Бобул бар тахти шаҳриёрӣ нишастам. Мардук5, Худои бузург дилҳои поки мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард... зеро ман ӯро арҷманд ва гиромӣ доштам.
Артиши бузурги ман ба сулҳу оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва ҷойгоҳҳои муқаддасаш қалби маро такон дод... Ман барои сулҳ кӯшидам.
Ман бардадориро барандохтам, ба бадбахтии онон поён бахшидам. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад.
Мардук, Худои бузург, аз кирдори ман хушнуд шуд... Ӯ баракат ва меҳрубониашро арзонӣ дошт. Мо ҳамагӣ шодмона ва дар сулҳу оромиш мақоми баландашро сутудем...
Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда буд, аз нав сохтам. Фармон додам, тамоми ниёишгоҳҳоеро, ки баста шуда буданд, бигшоянд. Худоён ин ниёишгоҳҳоро ба ҷоҳои худ бозгар-дониданд.
Ҳамаи мардумонеро, ки пароканда ва овора шуда буданд, ба ҷойгоҳҳои худ баргардондам ва хонаҳои вайрони ононро обод кардам. Ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам. Ҳамчунин, пайкараи Худоёни Сумер ва Аккадро, ки Набунаид бидуни воҳима аз Худои бузург ба Бобул оварда буд, ба хушнудии Мардук, Худои бузург ва ба шодиву хуррамӣ ба ниёишгоҳҳои худшон бозгардонидам. Бишавад, ки дилҳо шод гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор