Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Бишавад, Худоёне, ки ононро ба ҷойгоҳҳои муқаддаси нахустинашон бозгардондам, ҳар рӯз дар пешгоҳи Худои бузург бароям зиндагонии баланд хостор бошанд. Бишавад, ки суханони пурбаракат ва некӯхоҳона бароям биёбанд. Бишавад, ки онон ба Худои ман, Мардук бигӯянд: «Ба Курушшоҳ, подшоҳе, ки туро гиромӣ медорад ва писараш Камбуҷия ҷойгоҳе дар сарои писанд арзонӣ дор».
Ман барои ҳамаи мардум ҷомеае ором фароҳам сохтам ва сулҳу оромишро ба тамомии мардум ато кардам.
МАНШУРИ КУРУШИ ҲАХОМАНИШӢ
I
- Куруш, шоҳи ҷаҳон, шоҳи бузург, шоҳи тавонманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад
- ... ҳамаи ҷаҳон1 3. ...марди ношоисте ба фармонравоии кишвараш расида буд.
- Ӯ оинҳои куҳанро аз миён бурд ва чизҳои сохтагӣ ба ҷои он гузошт.
- Маъбаде ба диле аз ниёишгоҳи Исагила2 барои шаҳри Ур ва дигар шаҳрҳо сохт.
- Ӯ кори ношоисти қурбонӣ карданро ривоҷ дод, ки пеш аз он набуд... Ҳар рӯз корҳое нописанд мекард, хушунат ва бадкирдорӣ.
- Ӯ корҳои... рӯзмарраро душвор сохт. Ӯ бо муқаррароти номуносиб дар зиндагии мардум дахолат мекард. Андӯҳ ва ғамро дар шаҳрҳо пароканд. Ӯ аз парастиши Мардук, Худои бузург рӯй баргардонд.
- Ӯ мардумро ба сахтии маош дучор кард. Ҳар рӯз ба шевае сокинони шаҳрро озор медод. Ӯ бо корҳои хашани худ мардумро нобуд мекард... ҳамаи мардумро.
- Аз нолаву додхоҳии мардуми Инилил (Ийилил) Худои бузург нороҳат шуд... дигар эзадон он сарзаминро тарк карда буданд.
- Мардум аз Худои бузург мехостанд, то ба вазъи ҳамаи бошандагони рӯи замин, ки зиндагӣ ва кошонаашон рӯ ба
вайронӣ мерафт, таваҷҷӯҳ кунад. Мардук, Худои бузург, ирода кард то эзадон ба Бобул бозгарданд. - Сокинони сарзамини Сумер ва Аккад монанди мурдагон шуда буданд. Мардук ба сӯи онон мутаваҷҷеҳ шуд ва бар онон раҳмат овард.
- Мардук ба дунболи фармонравоии додгар дар саросари ҳамаи кишварҳо ба ҷустуҷӯ пардохт. Ба ҷустуҷӯи шоҳе хуб, ки ӯро ёрӣ диҳад. Он гоҳ, ӯ номи Куруш, подшоҳи Аншонро бархонд. Аз ӯ ба номи подшоҳи ҷаҳон ёд кард.
- Ӯ тамоми сарзамини Гутиро3 ба фармонбардории Куруш даровард. Ҳамчунин ҳамаи мардумони Модро4. Куруш бо ҳар сиёҳсар (ҳамаи инсонҳо) додгарона рафтор кард.
- Куруш бо ростиву адолат кишварро идора мекард. Мардук, Худои бузург, бо шодӣ аз кирдори нек ва андешаи неки ин пуштибони мардум хурсанд буд.
- Ӯ Курушро барангехт, то роҳи Бобулро дар пеш гирад; дар ҳоле ки худаш ҳамчун ёваре ростин дӯшодӯши ӯ гом бармедошт.5
- Лашкари пуршумори ӯ, ки ҳамчун оби рӯдхона шумораш нопазир буд, ороста ба анвои ҷангафзорҳо дар канори ӯ роҳ месипарданд.
- Мардук муқаддар кард, то Куруш бидуни ҷангу хунрезӣ ба шаҳри Бобул ворид шавад. Ӯ Бобулро аз ҳар балое эмин дошт. Ӯ Набунаидшоҳро ба дасти Куруш супурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор