Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Намоз бар Зартушти Спитамони аҳлуфурӯҳар. 29. (Бошад, ки ) ба тани сутуда, ба зоиши арҷманд, ба офариниши пок, ба гавҳари пазируфта (ваҷия), нисбат ба эзадон мӯътақид, нисбат ба фармонравоён бурдбор, дигар дар замона боиста, ба чеҳра дурахшон ва дорои фараҳи комил, ба андеша рост ва растагор, ба гуфтор бузургном ва перӯзгар ва ба фармон богузашт ва ба некфармонравоӣ доно ва ба роинидорӣ некбахшанда ва бонанг ва ба мардумдӯстӣ умеди кишвар (бошед), эй перояи беҳон, эй ҳаме перӯзгар, эй худойгон, Баҳмон писари Баҳмон!
  2. Эзадон шуморо ҳамвора бо саломатӣ ва раҳмати комил, дерзиваш ва ба фаррухӣ дурустпоянда ва ба ҳар гуна офаринӣ музайян (ва) команҷом бидоранд. Бақои ҷон, тандурустӣ ва фузунии сарват ҳамроҳ бо осудагии хаёл ва ҳар гуна некӣ, иззати ҳамроҳ бо аҳлоии равон, бо бартарин фаррухиҳо бар шумо поянда ва фазоянда бод. Мо бо хостани огоҳӣ (ва) орзуманд (будани) ёрӣ ва тандурустии шумо ин номаро муфассалтар кардем.
  3. Акнун менависам, ки то рӯзи Баҳмон ва моҳи Баҳмон, ки ин номаро навиштем, дуруст ва дардманд (солим) ва пурорзу будем, номаи шумо омад ва (онро) дидем, он чи(ро, ки) навишта шуда буд, гузидор донистем ва аз саломатӣ шумо шод ва нисбат ба эзадон сипосдор шудем.
  4. Ба некӣ ва хубӣ бифармоед, огоҳ бошед, ки ин ҷо рӯзгори хуб ва нек замона нек аст, (авзоъ) барои беҳон мусоид аст, беҳонро некӣ ба ком аст.
  5. (Эзадон) шуморо ҳамеша тандуруст ва дорои ҷони бемарг ва номи боиззат, иқболи хуш ва фараҳи боланда, сарвати моно ва дини фаршгардӣ, насли поё ва равони гирудмонӣ бидоранд.
  6. Ба касе, ки ба гавҳар озодатарин, ба ном шарифтарин ва ба фарорунӣ устувортарин ва ба беҳӣ ошнотарин, ба меҳр дурахшонтарин, ба родӣ номвартарин, ба ситоиши эзадон омилтарин, дар дини маздисно ранҷбартарин, дар ҳар гуна умури замона ва чигунагии офарин ёрикунандатарин, (дорои) сабри бисёр ва фараҳ!
  7. Пайваста дар тандурустӣ ва (дорои) тане маҳфуз аз озори озордиҳандагон (бод), бошад, ки (эзадон) андӯхтаи бисёре аз хусравӣ ба ӯ арзонӣ бидоранд.
  8. (Эзадон) шуморо аз рифоҳе бартар (ва) камол (ва) ганҷе пурсуд (ва) хуб, пурбаҳра ва комёб (дошта) ва аз ҳама (гуна) таоруз безор (ва) ростгор бидоранд.
  9. Дар поёни нома эзадон шуморо дар бошукӯҳтарин замон поё, муназзам ва барқарор бидоранд.
  10. Ҳаме перӯзгар (ва) ба олитарин (ваҷҳи мумкин) мӯҳтарамтар (бошед), Баҳмон писари Баҳмон!
  11. Эзадон шуморо дерзиваш ва тандуруст ва ба фаррухӣ ва беҳарос ва перӯзгар ва фармонраво бидоранд.
  12. Дар поёни нома шуморо ҳамеша фаррухӣ ва перӯзӣ биафзояд, Баҳмон писари Баҳмон, дуруд!
  13. Эзадон ҳирбад худойро дар рой ва фараҳ ба поёӣ (ва) саломатии тан, дар ҳар ду ҷаҳон поё ва барқарор ва муназзам бидоранд.
пешина
аз 314
навбатӣ