Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Эй ба гавҳар дуруст ва хим14 вероста, бахшоишгар андар подшоӣ ва хубварз15 андар порсоӣ ва ёри ҳар беҳон, Баҳмон писари Баҳмон!
- Шуморо аз эзадон бахшоиши бартар, ҳама гуна рой ва фараҳ ва ҳар фаррухӣ ва эҳтироми монданӣ ва поё бод!
- (Эзадон) шуморо ба дерпоӣ тандуруст ва ба бурзовандӣ16 сарватманд ва бо камоли эҳтиром, пурфараҳу ҷовидон ва ба пойдорӣ17 фузунаҳлоӣ18 бидоранд (ва низ шуморо) аз ҳар (гуна) таоруз безор (ва) ростгор бидоранд.
- Шумо (дороӣ) ҳама (гуна) эҳтироми фазоянда, аҳлоӣ ва комравову меҳробод19 ва (низ дороӣ) пайванди20 фаршгардӣ бошед.
- (Шуморо эзадон дорои) ҳама гуна эҳтироми фазояндаи аҳлоӣ ва комраво ба ҳама гуна эҳтироми минуӣ ва модӣ ва фаррухӣ ва баҳраҳои комил ва команҷомӣ ва аз ҳар (гуна) таоруз безор бидоранд.21
- (Эзадон) шуморо шоистаи беҳии вежа аз тариқи фазояндагии фарорунӣ ва андар ҳар ду ҷаҳон (дорои) ҳама гуна эҳтиром ва дороии фарох ва аҳлое22 комил бидоранд.
- Нома ҷиҳати ҳамдардӣ ва тасаллӣ додан ба бузургон ва нуҷабо.
- Эй ҳаме перӯзгар, Баҳмон писари Баҳмон, (эзад) ҳаме сипӯзад андӯҳро ва аз байн бибарад зориро ва (аз шумо) дур бошад ҳар патиёра (осебрасон), мӯҳтарам бошед ба ҳар фаррухии менӯӣ ва модӣ.
- Замоне, ки ба мо (аз дар гузашти) анӯшаравон Баҳмон писари Баҳмон огоҳӣ расид, аз марги (ӯ) андӯҳи гарон ёфтем, аммо аз он ҷо, ки чораи дунявӣ ҷиҳати раҳой аз марг ва (низ) сирри инсон ба (сӯи мақсади ниҳоӣ) ба дасти (ашхоси) пурфараҳ ва ҳунари ҳунармандон ва доноён ва фарзонагон ва низ ситамгарон ва гуноҳкорон ва низ бузургкунишон ва карафаварзон нест, (бинобар ин ) расидани марг ва рӯзи омор (ва) гузаштан аз Чинводпул бар ҳар кас муқаддар шудааст.
- Он анӯшаравон низ хубкунишу бузургном ва
бузургсуд23 буд ва (аз ин рӯй) баҳраи (ӯ) биҳишт ва подош (ӯ) гирудмон бошад. - (Бошад, ки) шумо умри тулонӣ кунед ва дуруст (солим) зиндагӣ кунед, хурсандӣ ёбед ва хотир осуда доред ва равони хешро таолӣ бахшед ва бо пазириши хурсандӣ24 шикаста ва нобуд ва вайрон кунед, гуноги мину ва девонро, равони он анӯшаравонро бо ситоиш ва ниёиш дархур (ва низ) зикри офарингони деҳмон хушнуд кунед.
- (Эзадон) шуморо барои замоне дароз аз ҳар юриши (аҳриманӣ) бипоянд ва бартарин ромиш ва некиро (бар шумо) бияфзоянд ва ин тани фаррухи (шумо) то замони фаршгарди нек фазоянда бошад.
- Пайваста шуморо дар дурӣ аз ҳар таоруз бартарин фаррухӣ бошад.
- Бо дуруди бешумор (ва) дар паноҳи эзадон, Баҳмон писари Баҳмон!
- Аз Баҳмон ба Баҳмон дуруди бисёр! 27. (Умед ки) нисбат ба кажиҳо (-и мавҷуд дар нома) бартар бошед (нодида бигиред), зеро нома бо шитоб (навишта шудааст).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор