Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Мӯбади мӯбадон донист, ки Ардашер бас дар хашм аст ва пас аз он ба пушаймонӣ расад. Вай он занро накушт ва ӯро ба хонаи худ бурду пинҳон кард. Ба зани худ гуфт, ки ин занро гиромӣ дор ва ба касе чизе магӯй.
XV
Дар зода шудани Шопур аз духтари Ардавон ва огоҳ шудани
Ардашер пас аз ҳафт сол ва ӯро шинохтани вай
Чун замони зодан фаро расид, ӯ писаре некӯ бизод. Ӯро Шопур ном ниҳод ва бипарвардаш, то ки ба синни ҳафтсолагӣ расид. Ардашер рӯзе ба нахчир шуд ва асп ба сӯи гӯри мода ронд, гӯри нар ба теғи Ардашер омад ва гури модаро раҳо карду хештан ба марг супурд. Ардашер он гӯр бигзошту ба сӯи бачаи гӯр афканд. Гӯри мода чун дид, ки савор асп ба бача афганд, омаду бачаро раҳо кард ва хештан ба марг супурд. Ардашер чун ин бидид, дар ҷой бимонд ва дилаш сӯхту асп бигардонд. Ба худ андешид, ки вой бар мардумон бод! Ин чаҳорпоёни гунг низ бо нодониву безабонии хеш бо ҳамдигар чунон меҳр баста, ки ҷони худ барои зану фарзанд супоранд. Ӯ он фарзандро, ки он зан дар шикам дошт, ба ёд овард ва ба пушти асп истоду ба бонги баланд бигирист. Сипоҳбадону бузургон ва озодагону шоҳзодагон чун ин бидиданд, дар шигифт монданд ва ҳама ба пеши мӯбади мӯбадон шуданд. Гуфтанд, ки ин чӣ буда, ки бар тани Ардашер афсурдагиву ранҷу андӯҳ расида ва чаро бигиряд? Мӯбадон мӯбаду эронсипоҳбад ва пуштибонон солору меҳтари дабирон ва андарзбади14 шоҳзодагон дар дарбор ба пеши Ардашер омаданд ва ба рӯй афтоданд, саҷда бурданду гуфтанд, ки ҷовидон бодо! Бад-ин ҳол хештан андӯҳгин ва ранҷу ғам ба дил кардан мафармоед. Агар коре пеш омада, ки мардумон чора кардан натавонанд, моро огоҳ кун, то ҷону тан ва ганҷу дороиву зану фарзанди хеш пеш дорем. Магар он газандест, ки чора кардан нашояд, хештан ва мо – мардумони кишварро андӯҳгин кардан мафармоед. Ардашер дар посух гуфт, ки маро то кунун бадбахтие пеш наомада буд, ба ҷуз имрӯз, ки дар дашт аз чаҳорпои гунгу ногӯёву нодон, ки худ бад-ин ҳол дидам, он зану он фарзандро бегуноҳ дар шиками модар то кунун дар ёд буд.
Аз куштани онон дар андеша ва пушаймонам, ки ба ин ҷон гуноҳи гарон шояд буда бошад.
Мубади мӯбадон чун дид, ки Ардашер аз он кор ба пушаймонӣ омад, ба рӯй афтод ва гуфт, ки ҷовидон бодо! Ҷазои гунаҳгорону сазоворон ба марг ва ононе, ки аз фармони шоҳ сар бипечанд, бифармоед ба ман кунанд. Ардашер гуфт, ки чаро чунин гӯӣ? Туро гуноҳ чист? Мӯбадон мӯбад гуфт, ки он зану он фарзандро, ки шумо фармудед то бикушам, ман накуштам. Ӯ писаре зод, ки аз ҳар навзоду фарзандони шоҳон некӯтару шоистатар. Ардашер гуфт, ки чӣ мегӯӣ? Мубади мӯбадон гуфт, ки ҷовидон бодо! Чунин аст, чунон ки гуфтам. Ардашер фармуд, то даҳони мубади мӯбадон пур аз ёқути сурху марвориди шоҳвору гуҳар кунанд.

пешина
аз 314
навбатӣ