Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
XIV
Дар чигунагии Ардашер бо духтари Ардавон ва заҳр додани ӯ ба Ардашер
Ардашер ду писари Ардавонро ба хештан дошт ва дуи дигар ба гурез назди шоҳи Кобул рафта буданд. Онҳо ба хоҳари хеш, ки зани Ардашер буд, нома навишта пайғом фиристоданд, ки рост аст, ки шумо занонро гӯянд. Чун ту марги хешовандону нажоди хеш, ки ин гунаҳгори душмани Яздон носазо ба марг бикушт, фаромӯш кардӣ. Туро меҳр ба он бародарони мустаманд, ки ба озору сахтӣ ва биму тарсу нанг овора ба шаҳри дигарон гирифторанд ва он ду бародари бадбахти ту, ки ин паймоншикан ба банди зиндон ба ҷазо фиристод ва гирифтори марганд, нест. Ва ту ҳамаро аз ёд бурдӣ ва ба он паймоншикан ҳампиндор гаштӣ ва туро ҳеҷ тимору андӯҳи эшон ва мо нест. Мабод он ки пас аз имрӯз ба зане дар ҷаҳон беандоза бовар кунад.
Акнун, агар туро каме меҳри мо бувад, чораи мо бихоҳ ва кини падару хешовандон ва гуҳари хеш фаромӯш макун. Ин заҳр, ки мо бо марди бегумони хеш назди Шумо фиристодаем, аз он мард бигир ва агар тавонӣ пеш аз хӯрок ба он гунаҳгори паймоншикан бидеҳ, то дар ҳол бимирад ва ту он ҳар ду бародари бастаро аз банд раҳо кунӣ ва мо низ ба шаҳру буму ҷои хеш боз оем ва равони ту биҳиштӣ шавад. Ва бо ин ту номи ҷовидона ба хештан карда бошӣ ва дигар занони ҷаҳон аз кирдори некӣ ту номитару гиромитар шаванд.
Духтари Ардавон чун он нома бад-ин оин бидид ва он заҳрро, ки барояш фиристода буданд, андешид, ки чунин бояд кард ва он чаҳор бародари бадбахт аз банд раҳо бояд сохт.
Рӯзе Ардашер аз нахчир гуруснаву ташна ба хона омад. Ӯ дуои пеш аз хӯрок кард ва духтар он заҳр бо писту11 шир омехт ва ба дасти Ардашер дод, ки пеш аз дигар хӯрданиҳо бифармой хӯрдан, чун ба гармиву хасгагӣ некӯ бувад. Ардашер гирифту хӯрдан хост. Чунин гӯянд, ки оташи нерӯманди Фарнбаи пирӯзгар чун хурӯси сурх париду пар ба пист зад ва он ҷом бо пист аз дасти Ардашер бар замин афтод. Ардашер ва он зан ҳар ду чун ин диданд, мот бимонданд. Гурбаву саг, ки дар хона буданд, он хӯрок хӯрданд, ба ҷой бимурданд. Ардашер донист, ки он заҳр буд, ки ба куштани вай ороста шуда.
Андар замон мӯбади мӯбадонро ба пеш хост ва пурсид, ки ҳирбад! Он ки ба ҷони подшоҳон қасд кард, ба чӣ доредаш? Чӣ бояд кардаш? Мӯбади мӯбадон гуфт, ки ҷовидон бодову комрон! Он ки ба ҷони подшоҳон қасд кард, сазовори марг аст. Ардашер фармуд, ки ин нопоки ҷодуи девзодро ба охури аспон бибар ва куштан фармой! Мӯбади мӯбадон дасти зан бигирифт ва берун рафт. Зан гуфт, ки имрӯз ҳафт моҳ аст, ки обистанам. Ардашерро огоҳ кунед. Чун ки агар ман сазовори маргам, ин фарзанд, ки дар шикам дорам, сазовор ба марг набояд дошт. Мӯбади мӯбадон чун ин сухан бишнид, баргашт ва боз ба пеши Ардашер рафту гуфт, ки ҷовидон бодо! Ин зан обистан аст. Замон бипоӣ, то он гоҳ ки бизояд, дар ғайри он куштан нашояд. Чи агар ӯ сазовор ба марг аст, он фарзанд, ки аз пушти Шумо худованд дар шикам дорад, сазовор ба марг набояд дошт ва бикушташ. Ардашер, ки дар хашм буд, гуфт: ҳеҷ замон мапой ва ӯро бикуш!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор