Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Андар замон он кас, ки Шопурро ба он ҷой овард, омад. Ардашер чун Шопур фарзанди хешро дид, ба рӯй афтод ва ба Ҳурмузду амаҳраспандон ва фарри каёну оташҳои шоҳи пирӯзгар бас сипос ба ҷой овард ва гуфт, ки он чӣ ба ман пеш омад, ба ҳеҷ шоҳу соҳибкишваре наомада. Пеш аз ҳазораи Сушянс растохезу ҷаҳони ҷовидонӣ буда, ки маро чунин фарзанде некӯ аз мурдагон боз омад. Пас фармуд, то дар он ҷой шаҳристонеро, ки Раҷ Шопур хонанд, бунёд карданд ва даҳ оташи Вараҳрон дар он ҷой нишонд ва бас ганҷу дороӣ ба даргоҳи оташкадаҳои шоҳ фиристод ва фармуд, ки кирдори нек ба ҷо оранд. Пас Ардашер ба атрофу акноф шуд ва корзору куштори зиёд бо шаҳриёрони Эроншаҳр кард. Ӯ ҳамвора вилоётеро ором мекард, ки вилоёте дигар саркашиву нофармонӣ мекард.
XVI
Дар пайғом фиристодани Ардашер ба кеди ҳинду дар донистани анҷоми подшоҳии хеш ва посухи ӯ
Бад-он сабаб дар андӯҳ ва андеша буд, ки магар хости офаридагор набуда, ки Эроншаҳрро ба шоҳии ягона шояд овардан. Ва ӯ андешид, ки инро аз доноёну фарзонагон ва кедону пешгӯёну ғайбгӯён бибояд пурсид. Агар чунин будӣ, ки шоҳии Эроншаҳр ба дасти мо нашояд тасхир кардан, пас бурдбор ва қонеъ бояд буд ва ба ин корзору хунрезӣ анҷом бояд дод ва худро аз ин ранҷу заҳмат осуда бояд сохт. Ӯ мардеро аз наздикони хеш пеши кеди ҳиндувон фиристод, то дар оростани Эроншаҳр ба шоҳии ягона аз вай бипурсад. Чун фиристодаи Ардашер ба пеши кеди ҳиндувон расид, кед чун он мардро дид, пеш аз он ки он мард сухан гӯяд, вай гуфт, ки туро шоҳи порсиён ба ин кор фиристод, то бипурс, ки «шодии Эроншаҳр ба шоҳии ягона ба ман расад ё не?» Акнун боз гарду бирав ва посухи ман ба вай бигӯӣ, ки ин шоҳӣ аз ду нажод - яке аз ту ва яке аз Меҳраки Анӯшакзодон аст, ки таври дигар нашояд оростан. Ин мард ба пеши Ардашер пас омад ва аз дастури кеди ҳинду боз гуфт, ки Ардашер огоҳ шуд. Ардашер чун он сухан бишнид, гуфт, ки он рӯз мабод, ки аз нажоди Меҳраки бадравон касе ба Эроншаҳр комрон бувад. Чунки Меҳраки бадгуҳару баднажод душмани ман буд ва фарзандони ӯ, ки ҳастанд, низ душмани фарзандони мананд. Агар ба нерӯмандӣ расанд, кини падар хоҳанд ва ба фарзандони ман зиён кунанд. Ардашер аз рӯи хашму кин ба ҷойгоҳи Меҳрак рафт ва фармуд, то ҳама фарзандони Меҳракро бикушанд, ки куштанд. Духтари Меҳракро, ки сесола буд, доягон пинҳон ба берун оварданд ва ба марде барзгар супурданд, то бипарвард ва дӯсташ дошт. Барзгар чунин кард ва духтарро ба некӯӣ бипарвард. Соле чанд гузашт духтар ба синни булуғ расид, дар танумандӣ ва ҳусну чобукиву зӯру нерӯ чунон буд, ки аз ҳама занон беҳтару болотар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор