Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва пайдост, ки Ҳурмузд Эронвиҷро аз дигар ҷойҳо ва рустоҳо беҳтар офарид. Онро некӣ ин аст, ки зиндагии мардумон дар он ҷо сесад сол (аст) ва говону гӯсфандон саду панҷоҳ сол. Ва дарду беморӣ кам (аст). Ва дурӯғ нагӯянд ва шевану мӯя накунанд. Ва деви Оз ба тани онон кам фармонравост. Ва даҳ мард як нонро хӯранд сер шаванд. Ва ба ҳар чиҳил сол аз зане ва марде фарзанде зода шавад. Ва додшон (қонуншон) беҳӣ ва диншон пурйуткешист14. Ва чун бимиранд порсоянд. Ва саркар-даи онон Губадшоҳ ва сарвару подшоҳашон Сурӯш (аст).
44. Пурсид доно аз Мену хирад, ки Аҳриман бештар ба чӣ фиребад ва ба дӯзах кашад? Ва хушнудии ӯ бештар аз чист? Ва макон (дар) куҷо дорад? Ва раҳоиши он бо девон бештар дар куҷост? Ва хӯриши ӯ аз чист?
Мену хирад посух кард, ки Аҳриман мардумонро ба зиёдӣ ва камӣ ва дурӯғу бидъат ва гумонбариву (шакку) озварӣ (ҳирс) бештар фиребад. Ва хушиаш аз душмании мардумон (бо якдигар) бештар бувад. Ва хӯришаш аз нотавониву нопайдоии мардумон бувад. Макон дар миёни кинаберарон дорад. Рафту омадаш бо хашмгинон бештар (аст).
45. Пурсид доно аз Мену хирад, ки Аҳриман ба мардумон кадом ситамро зиёновартар ва меҳтар дорад?
Мену хирад посух кард, ки Аҳриман чун аз мардумон зиндагӣ ва зану фарзанд ва ҳама некии гетиро бибарад, (лек) напин-дорад, ки зиёне ба он кас кардааст. Вале чун равони якторо бибарад ва табоҳ кунад, он гоҳ пиндорад, ки зиёне фаровон бад-ӯ кардааст.
46. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чист он чиз, ки аз ҳар дороӣ бартар (аст)? Ва чист он, ки бар ҳар чизе фармонравост? Ва чист он, ки кас аз он гурехтан натавонад?
Мену хирад посух кард, ки хирад аст, ки беҳтар аз ҳама хостаҳои ҷаҳон (аст). Ва бахт аст, ки ба ҳар касе ва ҳар чизе фармонравост. Ва Вои бад15 аст, ки касе аз он гурехтан натавонад.
47. Пурсид доно аз Мену хирад, ки ҷойгоҳи ҳушу ёд ва тухми мардумон дар тан чун (бувад)?
Мену хирад посух кард, ки ҷои ҳушу ёд ва тухми марду-мон дар мағзи сар (аст). Ва агар дуруст (солим) бувад, ҳушу ёд ва тухм ба афзоиш бувад. Ва чун одами ба пирӣ расад, мағзи сар бикоҳад. Ва мардуми пир аз коҳиши ҳушу ёд он чи ки бо хирад бояд бикунанд, камтар бинанд ва камтар донанд. Ва хирад нахуст дар мағзи ангушти дасти мардумон омехта мешавад. Ва пас нишемангоҳ ва иқоматгоҳаш дар дил ва ҷойгоҳаш дар ҳама тан аст, ҳамчун колбуди пой дар кафш.
48. Пурсид доно аз Мену хирад, ки ин ситорагон, ки дар осмон пайдо ҳастанд ва шуморшон чунон бисёр аст, пас кору тартибашон чист? Ва равиши хуршеду моҳ ва ситорагон чӣ гуна аст?
Мену хирад посух кард, ки аз ситорагони дар осмон на-хуст ситораи Тиштар (Сириус) меҳтару беҳтар ва рифоҳи ҷаҳон аз роҳи Тиштар (бувад).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор