Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Мардум он бошад, ки ба офаридгории Ҳурмузд ва табоҳ-кории Аҳриман ва будани растохезу тани пасин ва низ ба ҳар некиву бадии дигаре, ки дар гетиву менуст, бегумон (бувад), ки бунёди яке аз он ду Ҳурмузд ва дигаре Аҳриман (аст). Ва гара-вишашон танҳо ба дини поки маздиснон аст ва ба ҳеҷ фирқа нагаравад ва гӯш фаро надиҳад.
Ниммардум он бошад, ки чизи гетиву менуро ба писанди хеш кунад. Бинобар хиради хеш ва бадогоҳии худ гоҳе кори нек ба коми Ҳурмузд ва гоҳе ба коми Аҳриман аз ӯ равад.
Нимдев он бошад, ки ба ҷуз ин ки номи мардумӣ ва мардумзодагӣ дорад, ба ҳар кору кирдор ба деви дупо монанд аст. На гетӣ шиносад на мену, на кори нек шиносад на гуноҳ, на биҳишт шиносад на дӯзах ва аз омори равон низ наандешад.
42. Пурсид доно аз Мену хирад, ки Ҳурмузду амаҳраспандон ва биҳишти хушбӯву хуррамро ба чӣ бештар метавон аз они хеш кард. Ва Аҳримани бадкору девонро чӣ гуна метавон табоҳ кард ва аз дӯзахи бадбӯву торик чӣ гуна метавон раст?
Мену хирад посух кард, ки офаридагор Ҳурмузд ва Амаҳ-раснандону биҳишти хушбӯву хуррамро аз они хеш кардан ва Аҳримани бадкору девонро табоҳ кардан ва аз дӯзахи торику бадбӯй растан, он гоҳ, метавон, ки Мену хирадро ба пуштибонӣ гиранд ва менуи хурсандиро монанди афзор ва зиреҳу ҷавшан бар тан пӯшанд ва менуи ростиро ҳамчун сипар доранд ва менуи сипосдориро ҳамчун гурз ва менуи комиландеширо ҳамчун ка-мон ва менуи родиро ҳамчун тир ва менуи паймонро ҳамчун найза ва менуи кӯшишро ҳамчун обдаст доранд ва менуи бахтро ба паноҳ гиранд. Ва бад-ин оин ба биҳишт ва дидори эзадон (метавон) омад ва аз Аҳримани бадкор ва дӯзахи бадбӯй метавон раҳо ёфт.
43. Пурсид доно аз Мену хирад, ки осмону замин чӣ гуна ороста шудааст? Ва резишу ороиши об дар ҷаҳон чӣ гуна аст? Ва абр дар куҷо нишинад? Ва деви зимистон дар куҷо фармонравотар (аст)? Ва кадом кишвар беофаттар аст?
Мену хирад посух кард, ки осмону замину об ва ҳар чи андаруни осмон (аст), чунон ороста шуда, ки чун тухми мурғ. Ва
осмон забар аз зер замин монанди тухми мурғ ба дасткории (санъати) офаридагор Ҳурмузд ороста шудааст. Ва замин дар миёни осмон монанди зарда аст миёни тухм. Ва об дар миёни замину осмон ҳамчун об дар тухм аст. Резиши ҳама обҳо дар ҷаҳон аз кишвари Арзаҳ он ҷо, ки хуршед барояд (буда), равиш ба кишвари Саваҳ (аст) - он ҷо, ки хуршед фуру равад. Равиши об ба дарёи (баҳри) Пудиг боз ба дарёи Варукаш меравад. Хона ва ҷои нишасти абр дар Албурз (аст).
Ва деви зимистон дар Эронвиҷ фармонравотар (аст). Ва аз Дин (Авесто) пайдост, ки дар Эронвиҷ даҳ моҳ зимистон ва ду моҳ тобистон (аст). Ва дар он ду моҳи тобистон низ об сард ва замин сард ва гиёҳ сард (аст). Ва офаташон зимистон (аст) ва мор дар он бисёр (аст), вале офатҳои дигар кам (аст).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор