Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ситораи Обчеҳра барои афзоиши об ва ситораи Заминчеҳра барои афзоиши замин ва ситораи Урварчеҳра (гиёҳчеҳра) барои афзоиши гиёҳ ва ситораи Гӯсфандчеҳра барои афзоиши гӯсфандон ва ситораи Обу Замин ва Гиёҳу Гӯсфанд-чеҳра барои афзоиши мардумон офарида шудаанд.
Ва ситораи Вананд дар гузарҳо ва дарҳои Албурз гумошта шудааст. ҷое, ки девону париёну дуруҷон аз он дар ва гузар мегу-заранд, то роҳу гузари хуршеду моҳ ва ситорагонро буридан ва шикастан натавонанд. Ва ситораи Ҳафтуранг бо 99999 фраваҳри порсоён ва дар гузаргоҳи дӯзах гумошта шудааст, барои боздоштани он 99999 деву дуруҷу парӣ ва ҷодугар, ки дар рӯёрӯӣ бо сипеҳру ахтаронанд. Ва равишаш пиромуни дӯзах аст. Ва кори асосии вай ин (аст), ки дувоздаҳ хонаи ахтаронро дар даст дорад, барои дуруст омадану рафтани онҳо. Ва он дувоздаҳ бурҷ ҳам ҳамон гуна ба нерӯ ва ёрии Ҳафтуранг равад. Ва ҳар ахтаре чун ба Албурз ояд, пушт ба Ҳафтуранг дорад ва паноҳ аз Ҳафтуранг хоҳад.
Ва ситорагони бисёр ва бешуморе, ки пайдоанд, фраваҳри гетӣ гуфта шудаанд. Чи ҳама офаридагони офаридгор Ҳурмузд, ки дар гетӣ офарида шудаанд, чи зода шуда ва чи рӯёнда шуда, ҳар танеро ҳамгуна (муносиб) бо гуҳараш фраваҳре пайдост.
Ва равиши хуршеду моҳ барои равшан доштани ҷаҳон ва рушд додани ҳама зоиданиҳо ва рӯиданиҳост. Ва дуруст доштани рӯзу моҳ ва солу тобистону зимистону баҳору поиз (тирамоҳ) ва ҳама оморҳо ва ангораҳои дигаре, ки мардумон метавонанд дарёбанд ва бинанду бидонанд, бештар аз гардиши хуршеду моҳ пайдост.
49. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом тавонгарро фаррух ва кадомро бадфар (бадбахт) дошт?
Мену хирад посух кард, ки онро, ки тавонгарӣ аз кӯшиши дуруст фароҳам кардааст, фаррух ва он ки аз роҳи нодуруст фароҳам кардааст, бадфар бояд пиндошт.
50. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро марди коҳилу нодон ва бад ба ситоишу некии бузург расад ва марди шоиставу доно ва нек гоҳе ба ранҷи гарону сахтиву ниёзмандӣ расад?
Мену хирад посух кард, ки марди коҳилу нодон ва бад чун бахт ба ӯ ёр шавад, коҳилии ӯ ба кӯшиш ва нодонии ӯ ба доноӣ ва бадии ӯ ба некӣ ҳаммонанд шавад. Ва марди доно ва шоиста-ву нек чун бахт бад-ӯ мухолиф бувад, доноии ӯ ба нодониву аблаҳӣ ва шоистагии ӯ ба ноогоҳӣ баргардад ва донишу ҳунару шоистагии ӯ нопайдо бимонад.
51. Пурсид доно аз Мену хирад, ки парастиши эзадон ва сипосгузорӣ аз некии эзадонро чӣ гуна бояд кард? Ва тавбае, ки барои растагории равон аст, чӣ гуна бояд кард?
Мену хирад посух кард, ки (дар) парастиши эзадон он беҳтар, чунон ки беҳдини поки маздиснон кунад. Ва бунёди он некиву ростӣ ва бегумонӣ ба эзадон (аст). Ва ба андаку беше, ки ба даст омадааст, сипосгузори эзадон будан ва сипосгузорӣ ба эзадонро накоҳонидан. Ва ҳар газанде, ки рух диҳад, онро аз ситамкории Аҳриману девон донистан. Ва некиву суди хешро ба зиёни дигаре нахостан. Ва ба офаридагор Ҳурмузд бахшоянда будан. Ва ба кори нек кӯшо будан ва кӯшиш кардан. Ба вижа дар парҳези обу оташ ва гиёҳ бештар кӯшидан. Ва ба ин бегумон будан, ки эзадон ба мардумон ҷуз некӣ ҳеҷ гуна бадӣ надиҳанд ва Аҳриману девон ҷуз бадӣ ҳеҷ гуна некӯӣ надиҳанд.

пешина
аз 314
навбатӣ