Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва ин чанд мардумро бояд ба дарвешӣ дошт. Яке он, ки хирад надорад. Ду дигар он, ки тандуруст нест. Се дигар он, ки бо биму тарс ва дурӯғ бизист. Чаҳорум, он ки фармонраво нест. Панҷум он, ки бахт ёри ӯ нест. Шашум он, ки дар чашми эзадону забони некон бадном (бувад). Ҳафтум он, ки пир (бувад) ва ӯро фарзанду пайванд набувад.
35. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом гуноҳ гаронтар (аст)?
Мену хирад посух кард, ки аз гуноҳе, ки мардумон кунанд, кунмарз гаронтар (аст). Ду дигар, он ки дар ин ҳамхобагӣ мафъул ё фоил (аст). Се дигар он, ки марди порсоро бикушад. Чаҳорум он, ки издивоҷ бо наздиконро барҳам занад. Панҷум он, ки ҳидоят ба сарпарастиро бишканад. Шашум он, ки ба оташи Баҳром зиён расонад. Ҳафтум он, ки саги обиро бикушад. Ҳаштум он, ки бут парастад. Нуҳум он, ки ба ҳар кеш бигаравад ва бихоҳад онро парастиш кунад. Даҳум он, ки чизеро, ки барои нигоҳдорӣ пазирад, бихӯрад ва мункир бувад. Ёздаҳум, он ки ба сабаби гунаҳкорӣ эътимод ба дурӯғ кунад. Дувоздаҳум он, ки кор накунад, аммо носипосона ва бедодгарона бихӯрад. Сездаҳум он, ки зиндиқӣ кунад. Чаҳордаҳум он, ки ҷодугарӣ кунад. Понздаҳум он, ки мулҳидӣ кунад. Шонздаҳум он, ки девпарастӣ кунад. Ҳафдаҳум он, ки дуздӣ ё майл ба дуздӣ кунад. Ҳаждаҳум он, ки паймоншиканӣ кунад. Нуздаҳум он, ки кинаберарӣ кунад. Бистум он, ки барои чизи касонро аз они хеш кардан ситам кунад. Бисту якум он, ки марди порсоро озор диҳад. Бисту дувум он, ки тӯҳмат занад. Бисту севум он, ки таҳқир кунад. Бисту чаҳорум он, ки назди зани касон шавад. Бисту панҷум он ки носипосӣ кунад. Бисту шашум он, ки дурӯғ ва нодуруст гӯяд. Бисту ҳафтум он, ки аз он чи ки аз байн рафтааст, нохушӣ кунад. Бисту ҳаштум он, ки шодии ӯ аз бадӣ ва озори некон (бувад). Бисту нуҳум он, ки гуноҳро ривоҷ диҳад ва кори некро ба ранҷ дур дорад. Сивум он, ки аз некӣ, ки ба касе кардааст, пушаймон бувад.
36. Пурсид доно аз Мену хирад, ки мардумон ба чанд роҳ ва баҳонаи кори нек ба биҳишти беҳин расанд?
Мену хирад посух кард, ки нахустин кори нек родӣ, ду дигар ростӣ ва се дигар сипосдорӣ, чаҳорум қаноат, панҷум орзуи некӣ кардан ба некон ва дӯст будан ба ҳар кас. Шашум бегумон будан, ки осмону замин ва ҳар некии гетиву мену аз офаридгор Ҳурмузд (аст). Ҳафтум бегумонӣ ба ин ки ҳар бадӣ ва осеб аз Аҳримани бадкори гуҷастааст. Ҳаштум бегумонӣ ба растохезу тани пасин. Нуҳум он ки барон дӯстии равон ба наздикон издивоҷ кунад. Даҳум он, ки сарпарастиро ҳидоят кунад. Ёздаҳум он, ки кӯшиши некӯкорона кунад. Дувоздаҳум он, ки ба ин беҳдини поки маздиснон бегумон бувад. Сездаҳум он, ки ба ҳунар ва афзори ҳар касе некчашм бувад. Чаҳордаҳум он, ки некчашмии неконро хоҳад ва худ низ ба он некӣ, ки дар некон бинад, некчашм бувад. Понздаҳум он, ки дӯстии неконро хоҳад. Шонздаҳум он, ки кину душманиро аз андеша дур дорад. Ҳафтдаҳум он, ки рашки зишт набарад. Ҳаждаҳум он, ки майл ба шаҳват накунад. Нуздаҳум он, ки душманӣ бо касе накунад. Бистум он, ки барои чизи гузашта ва аздастрафта андӯҳ набарад. Бисту якум он, ки хашмро ба тан надорад. Бисту дувум он, ки аз барои нанг гуноҳ накунад. Бисту севум он, ки аз коҳилӣ майл ба хоб наберарзад. Бисту чаҳорум он, ки ба эзадон бегумон (бувад). Бисту панҷум он, ки ба ҳастии биҳишту дӯзах ва омори равон ва хушӣ дар биҳишт ва бадӣ дар дӯзах бегумон бувад. Бисту шашум он, ки аз бадгӯӣ ва рашки чашм бипарҳезад. Бисту ҳафтум он, ки худ некӣ кунад ва ба дигарон низ дарси некӣ диҳад. Бисту ҳаштум он, ки неконро ёр ва бадонро душман бувад. Бисту нуҳум он, ки аз фиребу худхоҳӣ бипарҳезад. Сивум он, ки дурӯғ ва (сухани) табоҳ нагӯяд. Сиву якум, он ки аз паймоншиканӣ сахт бипарҳезад. Сиву дувум, он ки аз барои суду некии хештан аз табоҳ-корӣ ба дигарон парҳез кунад. Сиву севум он ки беморону оҷизон ва мусофиронро меҳмонӣ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор