Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Мену хирад посух кард, ки зиндагии касе бадтар (аст), ки бо биму гуфтори дурӯғ бизист. Ва аз нигоҳи хирад касе нописандидатар (аст), ки ба мену нагаравад ва гетиро биорояд.
30. Пурсид доно аз Мену хирад, ки вазифаи ҳар яке аз диндорон, сипоҳиён ва кишоварзон чист?
Мену хирад посух кард, ки вазифаи диндорон динро (пойдор) доштан ва парастишу ситоиши эзадонро хуб ва бо андеша кардан. Фатвову ҳукм ва оинро чунон ки аз беҳдинии поки маздиснон пайдост, ба ростӣ доштан ва мардумро аз некӯкорӣ ва гуноҳ огоҳондан ва роҳ ба биҳишт ва биму парҳез аз дӯзахро намудан.
Вазифаи сипоҳиён душманро задан ва шаҳру буми хеш бебиму осуда доштан.
Вазифаи кишоварзон кишоварзӣ ва ободонӣ кардан ва то андозае ҷаҳонро шукуфону ободон доштан.
31. Пурсид доно аз Мену хирад, ки вазифаи пешаварону муздурон чист?
Мену хирад посух кард, ки вазифаи муздурон ин (аст), ки кореро, ки надонанд, даст бад-он набаранд ва он чи донанд хуб ва ба андеша кунанд ва музди одилона хоҳанд. Чи касе, ки (кореро) надонад ва ба анҷоми он даст занад, мешавад, ки он кор табоҳ ва нокарда бувад. Ва агар он мардеро, ки кор аз они ӯст, бисёр хушнуд кунад ҳам, бо ин он гуноҳ бо ӯ бувад.
32. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом подшоҳ бадтар (аст) ва кадом солор бадтар (аст) ва кадом дуст бадтар (аст) ва кадом хешованд бадтар (аст) ва кадом зан бадтар (аст) ва кадом фарзанд бадтар (аст) ва кадом сарзамин бадтар (аст)?
Мену хирад посух кард, ки он подшоҳ бадтар аст, ки натавонад кишварро бе бим ва мардумро бе ситам дорад. Ва он солоре бадтар (аст), ки дар ҳунар бад ва ба некӯкорон носипос бувад ва шогирдонро ёру ёвар набошад. Ва он дӯст бадтар (аст), ки бад-ӯ бовар натавон кард. Ва он хешованд бадтар (аст), ки дар бадбахтӣ ёвар набувад. Ва он зан бадтар аст, ки ӯ номбардор набувад. Ва он сарзамин бадтар (аст), ки ба некӣ ва бебимӣ дар он натавон зист.
33. Пурсид доно аз Мену хирад, ки офаридагор Ҳурмузд дар гетӣ ҳеҷ офаринише офарида, ки Аҳриман бад-ӯ осеб бурдан натавонад?
Мену хирад посух кард, ки ба мардуми хирадманду қонеъ камтар тавонад осеб барад.
34. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чӣ мардумеро тавонгар ва чӣ (мардумеро) дарвеш бояд пиндошт?
Мену хирад посух кард, ки ин мардумро тавонгар бояд пиндошт: яке он ки ба хирад комил (аст). Ду дигар он, ки тандуруст ва дар бебимӣ бизист. Ва се дигар он, ки ба он чи ба ӯ расидааст, хурсанд (бувад). Чаҳорум он, ки бахт дар некӯкорӣ ёри ӯ (бувад). Панҷум он, ки дар чашми эзадону забони некон некном (бувад). Шашум он, ки гаравишаш ба ин беҳдини яктои покимаздиснон (бувад). Ҳафтум он, ки тавонгариаш аз дурустӣ (бувад).

пешина
аз 314
навбатӣ