Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ва аз Фаридун ин суд буд, ки монанди задан ва бастани Заҳҳоки Беварасп, ки чунон гаронгуноҳ буд. Ва бисёр деви мозандарии дигарро низ зад ва аз кишвари Хванирас дур кард.
Ва аз Манучеҳр ин суд буд, ки Салму Турро ба кини Эраҷ, ки ниёяш буд, бикушт ва аз осеб расонидан ба ҷаҳон боздошт. Ва аз (замини) Падишхворгар то буни Гузак, ки Афросиёб гирифта буд, ба паймон аз Афросиёб бозситонд ва ба мулкияти Эроншаҳр овард. Ва афзудани кули Киёнса, ки Афросиёб онро поймол карда буд, обро аз он равона сохт.
Аз Кайқубод ин суд буд, ки дар (кори) эзадон сипосдор буд ва некӯ подшоҳӣ кард ва пайванду нажоди Каён аз ӯ идома ёфт.
Ва аз Сом ин суд буд, ки мори шохдор ва гурги кабуд, ки (онро) «пашан» низ хонанд ва деви обии Гандарву мурғи камак ва деви биёбониро бикушт. Ва низ бисёр корҳои бузургу арҷмандтар кард. Ва офатҳои бисёрро аз ҷаҳон боздошт, ки агар худой накарда аз он офатҳо яке бозмемонд, растохезу тани пасин кардан нашоист.
Ва аз Ковус ин суд буд, ки Сиёвуш аз тани ӯ бираҳид ва он бисёр кирдугори дигар аз ӯ падид омад.
Ва аз Сиёвуш ин судҳо буд: чун зода шудани Кайхусрав ва (бунёд) кардани Кангдиз.
Ва аз Кайхусрав ин судҳо буд: чун куштани Афросиёб ва кандани буткадаи (канори) кули Чичист ва бунёд кардани Кангдиз ва Сушиянси пирӯзгар, ки орояндаи мурдагон (дар охири замон) аст ва дар тани пасин растохезро ба ёрии ӯ беҳтар метавон кард.
Ва аз Каи Лӯҳросп суд ин буд, ки хуб подшоҳӣ кард ва ба эзадон сипосгузор буд ва Каи Гуштоспи динпазир аз тани ӯ бираҳид.
Ва аз Каи Гуштосп ин судҳо буд: чун пазируфтану парастиши дини беҳи маздиснон бино ба гуфтори эзадон, Аҳунавар13 ва сухани офаридагор Ҳурмузд; табоҳ кардану шикастани колбуди девону дуруҷон ва хушиву осоиши обу оташ ва ҳама эзадони мену ва гетӣ ва пурумедии некону шоистагон ба орзуи дуруст, бинобар писанди хеш. Ва хушнуду шод сохтани Ҳурмузду амаҳраспандон ва озору задани Аҳриману зодагонаш.
27. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чӣ касе бурдбортар, кӣ нерӯмандтар ва кӣ шодтар ва кӣ ғамгинтару кӣ ноумедтар (аст)?
Мену хирад посух кард, ки Ҳурмуздхудо бурдбортар (аст), ки нуҳ ҳазор сол бадиро барои офариниши худ аз (сӯи) Аҳриман бинад, лек ҷуз доду адл ва вокуниш ӯро назанад.
Сипеҳр ноумедтар ва андешаи мардумон тезтар ва равони некӯкорон шодтар ва равони бадкорон ноумедтар (аст).
28. Пурсид доно аз Мену хирад, ки киро бояд нигаҳбонӣ ва паноҳандагӣ бештар дошт?
Мену хирад посух кард, ки бачаи ноболиғ ва зану сутур ва оташро бештар бояд нигаҳбонӣ ва паноҳандагӣ дошт.
29. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом зиндагӣ бадтар ва аз нигоҳи хирад кӣ нописандтар (аст)?

пешина
аз 314
навбатӣ