Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кӯрчашм беҳтар (аст) ё кӯрдил ва бадогоҳ бадтар (аст) ё бадхӯ?
    Мену хирад посух кард, ки кӯрчашмро гар шиносоӣ ба чиз ҳаст, чун омӯзиш кунанд, (ӯро) ба дурустчашм доранд. Ва дурустчашмро чун дониш ба чиз нест ва ӯро омӯзанд, напазирад. Пас ӯ аз кӯрчашм бадтар (аст).
    Бадхӯ беҳ, ки бадогоҳ. Бадхӯ ҷуз аз (роҳи) адл аз кас чизе наметавонад ситонад. Ва мардуми бадогоҳро ҳама кома ба ситаму дуздист.
  2. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро мардум аз (замони) Каюмарсу Ҳушанги пешдодӣ ва шаҳриёрону фармонравоён то (замони) Гуштоспи шоҳаншоҳ чунин комгор буданд ва аз некии эзадон бештар баҳра ёфтаанд? Ва бештар (касон) аз эзадон носипос буданд. Ва буданд (касоне), ки бисёр носипос ва паймоншикану гунаҳкор буданд. Пас ҳар як аз эшон барои чӣ некӣ офарида шудаанд ва аз эшон чӣ бару суд рафт?
    Мену хирад посух кард, ки он чи аз некӣ ё бадии эшон пурсӣ, огаҳ бош ва бидон, ки кори ҷаҳон ҳама ба сарнавишту замон ва бахти муқаддар (пеш) меравад, ки худи Зурвонподшоҳ ва замони подшоҳии ӯ дароз асг. Чунон ки дар ҳар замоне ҳар киро бахт (муқаддар) шудааст, ки он чи бояд биёяд, ҳамчунон бад-ӯ бирасад. Чунонки аз ҳамон пайванди пешиниёни гузашта низ пайдост, саранҷом он некӣ, ки боист аз эшон ба офариниши Ҳурмузд мерасид, расидааст.
    Чи аз Каюмарс ин судҳо расида буд: нахуст куштани (деви) Арзур ва супурдани тани хеш ба Аҳриман аз рӯи маслиҳат. Ва суди дувум ин буд, ки мардум ва ҳама фраваҳри фрашгирдкунандагон11 – росткирдорон, нарону модагон аз тани ӯ офарида шудаанд. Се дигар ин ки фулуз низ аз тани ӯ берун омад.
    Ва аз Ҳушанги пешдодӣ ин суд буд, ки аз се бахши девони Мозандарон – нобудкунандагони ҷаҳон ду бахшро бикушт.
    Ва аз Таҳмураси хубруста ин суд буд, ки гуҷаста (Аҳриман)-и бадкорро сӣ сол бораи худ кард. Ва ҳафт гуна хати дабириро, ки он бадкор пинҳон дошта буд, ба пайдоӣ овард.
    Ва аз Ҷамшеди хубрама писари Вивангҳон ин суд буд, ки шашсад солу шаш моҳу шонздаҳ рӯз барои ҳама офариниши Ҳурмуздхудо бемаргӣ овард ва ононро орӣ аз маргу пирӣ ва осеб кард. Ва суди дигар ин ки дизи Ҷамкирдро сохт, ки чун он борони Маҳркушон12 ояд, чунон ки дар Дин (Авесто) пайдост, мардум ва офариниши дигари Ҳурмуздхудо бештар нобуд шаванд. Пас дари он дизи Ҷамкирд кушода шавад ва мардумону гӯсфандон ва дигар офариниши Ҳурмуздхудо аз он диз берун оянд ва ҷаҳонро боз ороянд. Ва суди се дигар ин ки паймони гетиро, ки он бадогоҳи бадкор Аҳриман фурӯ бурда буд, аз шикамаш боз овард. Ва чаҳорум ин ки гӯсфандро ба ивази фил ба девон надод.
    Ва аз Заҳҳоки Бевараспу гуҷаста Афросиёби Тур ин суд буд, ки агар фармонравоӣ ба Бевараспу Афросиёб намерасида буд, он гоҳ гуҷаста менуи табоҳкор (Аҳриман) он фармонравоиро ба деви Хашм медод. Ва агар ба Хашм мерасида буд, то растохезу тани пасин боз ситонидани он аз ӯ нашоист. Зероки ӯро (Хашмро) тан ҷисм нест.
пешина
аз 314
навбатӣ