Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва марди коҳил ношоистатарин мардумон гуфта шудааст. Чи аз ин Дин (Авесто) пайдост, ки офаридагор Ҳурмузд барои мардуми коҳил ғалла наофарид ва ба мардуми коҳил чизе ҳадя ва подош (аз рӯи) адлу дод набояд бидод. Ва меҳмониву пазироӣ аз онон (набояд) кард. Зеро хӯроке, ки марди коҳил хӯрад, ба нодурустӣ ва бедодӣ хӯрад. Ва ба сабаби коҳиливу бедодӣ тан бадном ва равон бадкор бувад.
Ва марди дурӯғандеш ба некон чунон дар гумон аст, ки ба бадон. Ва ба чизи менуву гетӣ ва ба ниёишу ситоиш ва парастиши Яздон дар гумон (аст). Аз ин рӯ Яздону амаҳраспандон ниёишу парастишеро, ки ӯ мекунад, камтар пазиранд ва хайре, ки хоҳад, камтар бад-ӯ диҳанд. Ва ба даҳони некон ҳамвора бадном ва равонаш бадкор бувад.
Ва марди густохро дӯст андак ва душман бисёр бувад. Ва ҳадя ҳам, ки ба касе диҳад ва парастишеро ҳам, ки барои Яздон кунад, бо иллати густохӣ камтар пазиранд ва хайреро, ки хоҳад, камтар диҳанд. Ва дар дӯзах барои уқубат кардани равонаш ӯро ба деви густохӣ супоранд ва деви густохӣ уқубати гуногун бад-ӯ кунад ва ӯ наосояд.
21. Пурсид доно аз Мену хирад, ки бо кӯшиш чизу дороии гетиро метавон ба даст овард ё на?
Мену хирад посух кард, ки бо кӯшиш он некиро, ки муқаддар нашудааст, ба хештан кардан нашояд. Аммо он чи муқаддар шудааст, бо кӯшиш зудтар бирасад. Вале кӯшишро чун замон бо он (нест), дар гетӣ бебор (аст). Аммо пас аз ин дар мену ба фарёд расад ва дар тарозу афзуда шавад.
22. Пурсид доно аз Мену хирад, ки бо хираду доноӣ ба сарнавишт метавон ситеза кард ё на?
Мену хирад посух кард, ки бо нерӯ ва зӯрмандии хираду доноӣ низ ба сарнавишт наметавон ситеза кард. Чи ҳангоме ки сарнавишт барои некӣ ё бадӣ фаро расад, доно дар кор гумроҳ бувад ва бадогоҳ корогоҳ бувад ва баддил далертар бувад ва далертар баддил бувад ва кӯшо коҳил бувад ва коҳил кӯшо бувад. Ва чунон аст, ки бо он чизе, ки муқаддамтар шудааст, баҳонае низ андарояд ва ҳар чизи дигарро биронад.
23. Пурсид доно аз Мену хирад, ки аз (роҳи) хайр хостан ва хубкирдориву шоистагӣ эзадон ба мардумон ҳеҷ гуна чиз бахшанд ё на?
Мену хирад посух кард, ки бахшанд. Чи чунин гӯянд, ки«бахт» ё «бағу бахт». Бахт он бувад, ки аз оғоз бахш (муқаддар) шудааст. Ва бағу бахт он (бувад), ки пас аз он бахшанд. Аммо эзадон он бахшишро бад-ин сабаб камтар кунанд ва ба мену онро ошкор кунанд, ки Аҳримани бадкор ба нерӯӣ ҳафт сайёра хост ва низ ҳар некии гетиро аз некону шоистагон бидуздад ва ба бадону ношоистагон бибахшад.
24. Пурсид доно аз Мену хирад, ки аз тавонгарон кӣ дарвештар ва аз дарвешон кӣ тавонгартар?
Мену хирад посух кард, ки аз тавонгарон он дарвештар, ки ба он чи ӯрост, хурсанд нест ва барои беш будани чиз андӯҳ барад. Ва аз дарвешон он тавонгартар, ки ба он чи омадааст, хурсанд (бувад) ва ба бештар будани чиз наандешад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор