Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро некии гетиро ба шоистагӣ (ба ҳар кас) бахш намекунанд, лек равонро дар ҷаҳони дигар бино бар шоистагии кирдораш гирифтор кунанд?
Мену хирад посух кард, ки офаридгор Ҳурмузд аз меҳру-бониаш ба офаридагон ҳам ба некон ва ҳам ба бадон ҳама некӣ диҳад. Аммо агар ҳамвора ба онон нарасад, аз ситами Аҳриману девон ва дуздии он ҳафт сайёра (бувад).
Ва дар ҷаҳони менуӣ равонро бино бар шоисгагии кирдораш, гирифтор кунанд. Чи бадкории ҳар кас ба кирдори хеш бувад. - Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом нерӯ шоистатар ва ба хирад кӣ комилтар ва ба хӯ кӣ устувортар ва ба гуфтор кӣ хубтар ва некӣ дар андешаи кӣ бештар ва ба меҳр кӣ бадтар ва хушӣ дар андешаи кӣ камтар ва ба дил чӣ касе шоистатар ва дар бурдборӣ кӣ писандидатар (аст)? Киро ба боварӣ набояд дошт? Ва он чист, ки ба ҳар кас сазовор бояд дошт? Ва он чист, ки ба ҳеҷ кас сазовор набояд дошт? Ва чи касеро ба ҳамсӯҳбатӣ бояд дошт? Кист он ки ба гувоҳӣ набояд пазируфт? Ва ба чӣ касе фармонбардор бояд буд? Ва ба чӣ чиз бештар бояд андешид ва (онро) сипос бояд дошт? Ва чи чизро ба ҳеҷ роҳ набояд хор кард? Ва он кист, ки дар пояи худ баробари Ҳурмузду амаҳраспандон гуфта шудааст? Кист он, ки дар пояи худ баробари Аҳриману девон гуфта шудааст?
Мену хирад посух кард, ки ба нерӯ он кас шоистатар, ки чун ӯро хашм гирад, битавонад хашмро нишонад ва гуноҳ накунад ва хештанро ором гардонад. Ва ба хирад он кас комилтар, ки битавонад равони хешро наҷот диҳад. Ва ба хӯ он кас устувортар, ки ҳеҷ гуна фиребу баҳонае дар ӯ набувад. Ва гуфтори касе хубтар, ки рост гӯяд. Ва некӣ дар андешаи марди хашмгин кам аст. Ва аз (нигоҳи) меҳр марди кинаберари озоррасонанда бадтар (аст). Ва хушӣ дар андешаи марди ҳасуд камтар (аст). Ва ба дил касе шоистатар, ки гетиро бигузорад ва менуро бигирад ва ба коми хеш порсоиро пазирад. Ва дар бурдборӣ касе писандидатар, ки бадӣ ва офатро, ки аз Аҳриману девон ва бадон бад-ӯ расад, ба хурсандӣ ва хоҳиш пазирад ва ба ҳеҷ роҳ равони хешро наозорад. Ва касеро набояд устувор дошт, ки аз эзадон бим ва аз мардум шарм надорад. Ва он чи, ки барои ҳар кас сазовор бувад, оштӣ ва дӯстист. Ва он чи, ки барои ҳеҷ кас сазовор набувад, кин ва душманист. Ва ин серо бояд мусоҳиб дошт: ҳумат, ҳухт, ҳуваршт - пиндори пек, гуфтори нек, кирдори нек дар андешаву гуфтору кирдори хеш. Ва ин серо ба гувоҳӣ набояд пазируфт: зану кӯдаки ноболиғ ва марди ғулом. Ва ин чанд танро фармонбардор бояд буд ва парастиш бояд кард: зан шавҳарро ва фарзанд падару модарро ва солору дастур ва устоду оташ ва хешованди оҷизро. Ва ба худованду солорону устодон фармонбардор бояд буд. Ва ба эзадон бештар бояд андешид ва сипос бояд дошт. Ва равони хешро ба ҳеҷ роҳ хор набояд дошт ва ҳамеша дар ёд бояд дошт. Ва доваре, ки доварии рост кунад ва пора наситонад ва ба пояи хеш баробари Ҳурмузду амаҳраспандон гуфта шудааст. Ва он ки доварии дурӯғ кунад, ба пояи хеш баробари Аҳриману девон гуфта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор