Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом паноҳандагӣ мустаҳкамтар ва кадом дӯст ва кадом номбардор беҳтар (аст)? Ва кадом ромишёр беҳтару кадом дороӣ хуштар ва шодие, ки аз ҳар шодӣ бартар аст, кадом (аст)?
    Мену хирад посух кард, ки паноҳандагии Яздон мустаҳкамтар ва дӯст – бародари нек беҳтар ва номбардор – фарзанди неки диндор беҳтар ва ромишёр – зани неки хушхӯ беҳтар ва хоста он беҳтару хуштар, ки аз некӯкорӣ андӯхта шудааст ва бо кори нек (ононро) хӯранд ва (нигоҳ) доранд. Ва шодие, ки аз ҳар шодӣ бартар аст – тандурустиву бебимӣ ва хурсандиву некӯкорист.
  2. Пурсид доно аз Мену хирад, ки дарвешӣ беҳтар аст ё тавонгарӣ ё фармонравоӣ?
    Мену хирад посух кард, ки дарвешии бо некӯӣ беҳтар, ки тавонгарии аз дороии касон. Чи гуфта шуда, ки дарвештарин ва бенавотарин кас чун андеша ва гуфтору кирдораш нек (бувад) ва (онро) дар кори Яздон дорад, аз ҳар кори неке, ки мардумон дар ҷаҳон кунанд, ӯро низ ба доду адл баҳрае бувад. Ва низ марди тавонгари бас доро чун дороӣ аз дурустӣ гирд накарда бошад, агар (онро) дар кори нек ва хайр низ сарф кунад, он кори нек аз они ӯ набувад.
    Чи кори нек аз он касест, ки хоста аз ӯ рабуда шудааст ва марди бас доро, ки аз кӯшиши дуруст андухтааст ва ба кори нек ва шодӣ бихӯрд ва (нигоҳ) дорад, меҳтару беҳтар ва бартар бояд донист.
    Ва дар бораи фармонравоӣ гӯянд, ки касе, ки дар деҳе фармонравои нек аст, бартар аст аз касе, ки дар кишваре фармонравои бад аст. Чи офаридагор Ҳурмузд барои нигаҳбонии офариниш фармонравоии некро офарид. Ва Аҳримани бадкор фармонравоии бадро дар муқобили фармонравоии нек офарид.
    Фармонравоии нек он бувад, ки (кас) кишварро ободон ва дарвешонро осуда аз ситам ва доду оини дурустро (нигоҳ) дораду фармояд ва доду оини нодурустро дур дорад ва обу оташро хуб дорад ва парастиши Яздону кори некро раво дорад. Ва дарвешонро ёрӣ ва пуштибонӣ кунад ва бар он дини беҳи маздиснон тану ҷони хешро биспорад. Ва агар ҳаст касе, ки аз роҳи Яздон биистад, барои гаравиши ӯ дастур диҳад ва ӯро гирифтор кунад ва боз ба роҳи Яздон оварад. Ва аз дороие, ки ҳаст баҳраи Яздону арзониён ва некӯкорону дарвешонро бибахшад. Ва фармонравоии нек ҳам монанди Яздону амаҳраспандон гуфта шудааст.
    Фармонравоии бад он бувад, ки (кас) доду оини росту дурустро барҳам занад ва ситаму дуздиву бедодӣ дар кор оварад ва чизи менуро табоҳ кунад ва кори некро боздорад ва ба онон газандкирдор бувад ва ҳама андешааш ба тани хешу ороиши чизи гетӣ ва дороиву эҳтироми бадон ва осебу сарзаниши некону нобудии дарвешон (бувад). Чунин фармонравоии бад баробари Аҳриману девон гуфта шудааст.
пешина
аз 314
навбатӣ