Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Пурсид доно аз Мену хирад, ки хирад беҳтар аст ё ҳунар?
    Мену хирад посух кард, ки хираде, ки бо он некӣ нест онро хирад набояд донист. Ва ҳунаре, ки бо он хирад нест онро ҳунар набояд донист.
  2. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро чизҳои мену чунин рост ва они гетӣ чунин дурӯғ бахш шудаанд?
    Мену хирад посух кард, ки чизҳои гетӣ дар оғози офариниш чунон рост бахш шуда буд, ки аз они мену. Ва офаридагор Ҳурмузд ҳама некии ин офаринишро ба души Меҳру Моҳ ва он Дувоздаҳахтарон, ки дар Дин (Авесто) Дувоздаҳсипоҳбад гуфта шудаанд, кард. Ва онон низ барои ба ростӣ ва сазовор бахш кардан (онро) аз Ҳурмузд пазируфтанд.
    Пас Аҳриманон ҳафт сайёраро, ки чун ҳафт сипоҳи Аҳри-ман гуфта шудаанд, барои вайрон кардану ситондани он некӣ аз офариниши Ҳурмузд барои набард бо Меҳру Моҳон Дувоздаҳ-ахтаронро офарид. Ва ҳар некӣ, ки он ахтарон ба офариниши Ҳурмузд бахшанд, он сайёрагон чандон тавоноиеро, ки ба эшон дода шудааст, (аз эшон бирабоянд) ва ба нерӯи девону дуруҷону бадон диҳанд.
    Ва чизҳои менуӣ барои ин рост аст, ки офаридагор Ҳурмузд бо ҳама эзадону амаҳраспандон бе осеб аст ва набардро бо девону дуруҷон ва низ омори мардумон ба ростӣ кунад. Ва ҳар киро кори нек бештар (аст), ҷои ӯ ҳаместагон аст. Ва чун гуноҳаш бештар (аст), роҳ ба дӯзах аст.
  3. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро говону гӯсфандон ва мурғону парандагону моҳиён, ҳар яке аз онон бо дониши хеш сазоворона донишманданд. (Вале) мардумон то чанд бар он омӯзиш набаранд ва ранҷу ҳазина накунанд, дониши мардумиро дарёфтану донистан натавонанд?
    Мену хирад посух кард, ки мардумон дар оғози офариниш чунон доно буданд, ки ҳар кори некӯ гуноҳе, ки мекарданд, подоши кори некӯ уқубати гуноҳро ба чашми хеш медиданд ва ҳеҷ гуна гуноҳ аз мардумон намерафт.
    Пас Аҳримани бадкор подоши кори нек ва уқубати гуноҳро барниҳуфт. Зеро дар Дин (Авесто) гуфта шуда, ки аз ҳар бадӣ, ки гуҷаста табоҳкори дурӯғпеша Аҳриман ба офариниши Ҳурмузд кард, (ин) чаҳор чиз бартару гаронтар (аст): чун музди кори нек ва подоши гуноҳ ва андешаи мардумону фарҷоми корро биниҳуфт. Ва ҳамин буд, ки басе кешҳову гаравишҳои бадро дар ҷаҳон раво кард. Ва мардумон аз надонистани кори нек ҳар касе (ба кеше) бештар гаравад ва онро нек дорад, ки омӯзишаш ба он бувад, ба ҷуз якто шаҳриёрӣ ва подшоҳии Гуштоспи шоҳаншоҳ, ки боварӣ аз Зартушти Спитамони якто пазируфт, ки ҳар оина чизи гетиву мену аз дини беҳи маздиснон равшану некӯ ва бегумон пайдо шудааст. Ба ҷуз (он) ҳеҷ гаравише нест, ки дар он чизи гетиву менуро чунин некӯ ва равшан битавон ёфтан ва донистан. Аммо бештар кешҳои дигар аз ҳарзагӯӣ ва печидагие, ки ононрост, гуфтори нахустиншон ба миёнин ва миёнин ба фарҷомин бисёр номонанд (аст).
пешина
аз 314
навбатӣ