Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Мену хирад посух кард, ки офаридагор Ҳурмузд ин офариниш ва амаҳраспандону Мену хирадро аз рӯшноии хеш ва (нерӯи) Офарингону Зурвони бекарон падид овард. Зеро ки Зурвони бекарон орӣ аз пирӣ ва маргу дард ва табоҳиву фасод ва офат (аст). Ва то ҷовидонзамон ҳеҷ кас ӯро ситондан ва аз кораш дур кардан натавонад.
Аҳримани дурӯғпеша, девону дуруҷон ва дигар фарзандони Аҳриманиро аз кунмарзии худ падид овард. Ва ӯ нуҳ ҳазор зимистон дар замони бекарон бо Ҳурмузд паймон кард. Ва то анҷоми (он замон) ҳеҷ кас (ӯро) гардонидан ё берун кардан натавонад. Чун нуҳ ҳазор сол пур шуд, Аҳриман бекор шуд ва Сурӯши росткирдор хашмро бизанад. Меҳру Зурвони бекарон ва менуи адлу дод, ки ба ҳеҷ кас дурӯғ нагӯянд ва бахту сарнавишти аз ҷониби Худованд тақдиршуда ҳама офаринишҳои Аҳриман ва дар анҷом деви Озро низ бизананд. Ва ҳама офаринишҳои Ҳурмузд боз чунин беофат шаванд, ки дар оғоз офарида ва дода буд.
Ҳар некиву бадӣ, ки ба мардумон ва низ офариниши дигар расад аз Ҳафтону7 Дувоздаҳон8 расад. Ва он дувоздаҳ ахтар дар Дин (Авесто) дувоздаҳ сипоҳбад аз ҷониби Ҳурмузд гуфта шудааст. Ва он Ҳафт сайёра ҳафт сипоҳбад аз ҷониби Аҳриман гуфта шудааст. Ва ҳама офаринишро он ҳафт сайёра барҳам зананд ва ба марг ва ҳар гуна озор биспоранд. Чунонки он дувоздаҳ ахтар ва ҳафт сайёра сарнавиштсози ҷаҳонанд. Ҳурмузд некком (аст) ва ҳаргиз озорро напазирад ва написандад. Ва Аҳриман бадком (аст) ва ҳеҷ гуна некиро наандешад ва напазирад. Ҳурмузд чун бихоҳад офариниши Аҳриманро ва Аҳриман низ чун бихоҳад офариниши Ҳурмуздро метавонад тағйир диҳад. Вале чунон метавонад тағйир диҳад, ки дар фарҷом Ҳурмуздро зиён нарасад. Чи фарҷоми пирӯзӣ аз они Ҳурмузд аст. Чунонки пайдост, Ҳурмузд Ҷамшед ва Фаридуну Ковусро бемарг офарид ва Аҳриман чунон ононро тағйир дод, ки ош-ност. Ва Аҳриман Беварасп (Заҳҳок) ва Афросиёбу Некандарро чунон мепиндошт, ки бемарганд. Ва Ҳурмузд барои суди бузург (ононро) тағйир дод, чунонки пайдост.
8. Пурсид доно аз Мену хирад, ки аз кишваре ба кишваре метавон рафт ё на? Ва осмон аз чӣ гуҳаре (бунёд) карда шудааст? Ва омезиши об дар замин чӣ гуна ва ба чӣ оин аст?
Мену хирад посух кард, ки аз кишваре ба кишваре ҷуз ба ҳидояти Яздон ё девон наметавон рафт. Ва осмон аз ҷавҳари оҳанини дурахшанда, ки онро алмос низ хонанд, сохта шудааст. Ва омезиши об дар замин ҳамчун хун дар тани мардумон (аст).
9. Пурсид доно аз Мену хирад, ки Аҳримани бадкор ва девону фарзандонашро бо Ҳурмузду амаҳраспандон ҳеҷ гуна оштиву дӯстӣ яке бо дигар метавон будан ё на?
Мену хирад посух кард, ки ба ҳеҷ оин будан нашояд. Чи Аҳриман дурӯғгуфтори бадандеш ва кораш хашму кину нооштист. Ва Ҳурмузд ростӣ андешад ва кораш кирдори нек ва некиву ростист. Ва ҳар чизро метавонад тағйир диҳад, ҷуз гуҳари некӯ бад. Гуҳари некро ба ҳеҷ чора ба бадӣ ва гуҳари бадро ба ҳеҷ оин ба некӣ баргардонидан нашояд. Ҳурмузд ба некгуҳарӣ ҳеҷ бадиву дурӯғандеширо написандад ва Аҳриман ба бадгуҳарӣ ҳеҷ некиву ростиро напазирад. Аз ин рӯ эшонро яке бо дигаре оштиву дӯстӣ будан нашояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор